ДАР ЗИЁРАТГОҲИ ХОҶА МАҲМУД АНҶИРИ ФАҒНАВӢ

Яке аз «Ҳафт пир», баъди Хоҷаи Ҷаҳон – Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва Хоҷа Орифи Моҳитобон ар-Ревгарӣ намояндаи сеюмини тариқати хоҷагон – нақшбандия, пири муршиди ҳалқаи дувоздаҳуми «Силсилаи шариф», устоди бузург,аллома, валиюллоҳ Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ соли 1210 дар ноҳияи Вобканд, дар деҳаи Анҷир Фағнӣ (ҳоло Анҷирбоғ, он дар самти шимолии ноҳияи Вобканд, воқеъ гардида бо ноҳияи Шофиркон ҳамҳудуд аст) ба дунё омада, соли 1286 дар ҳамон ҷо аз олам чашм пӯшидааст.

Касби вай гилкорию дуредгарӣ будааст. Тоҳир Эшон дар бораи ӯ чунин навиштааст:
Баъди Ориф бидон ба он масъуд,
Фахри аброр Хоҷаи Маҳмуд.
Олими вақти маънавӣ омад,
Шуҳрати Анҷир Фағнавӣ омад.
Сарвари халқу роҳбари дин аст,
Мушки ӯ на Хито, на аз Чин аст.
Буд аз авлоди Сайиди Арабӣ,
Аз чароғи Аҳмади набавӣ.
(Аз китоби С. С. Бухорӣ «Ҳазрат Хожа Маҳмуд Анжир Фағнавий»,Тошканд, 2017).

Тариқат тарбияи нафс аст. Тобеъ намудани нафс, куштани он фақат ба сӯфиён насиб кардааст. Зоҳир ҳам ибодат мекунаду сӯфӣ ҳам. Фарқ дар он аст, ки зоҳидон барои он ибодат мекунанд, ки ба мағфирати охират сазовор шуда аз ҳузуру ҳаловати ҷаннат бархурдор шаванд. Бо мақсади роҳёбӣ ба ҷаннат тоату ибодаткуниро сӯфиён тамъакорӣ мешуморанд. Зеро онҳо на аз роҳати дунё умедворанду на аз фароғати охират. Орзӯи ягонаи эшон дидани дидори Офаридгор асту бас.
Бо мақсади ноилшавӣ ба розигии Худо сӯфиёну дарвешон барои мардум хидмати беминнат кардаанд.
Меҳрубонӣ ба ятимон, хайру эҳсон ба камбағалон, аёдати беморон, ба худогоҳӣ даъват намудани ғофилон, онҳоро сӯйи ҳақиқат роҳнамун сохтан аз ҷумлаи фазилатҳои пирони тариқат – авлиёҳо мебошад. Аз ин рӯ онҳо хонақоҳ, масҷид, мадраса, сардоба, кӯпрук, боғу чорбоғ, каналҳо бунёд кардаанд.
Ин сифатҳо ба пири комил, авлиёи соҳибкаромат Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ ва пайравону устодони ӯ низ хос буд.
Солҳои салтанати шӯроҳо зиёратгоҳи Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ ҳам монанди дигар зиёратгоҳҳои Бухоро ҳоли хароб дошт. Дар масҷиди ҷомеи Хоҷа Маҳмуд намозхонӣ мамнӯъ гардида, ин ёдгорӣ ба анбори хоҷагӣ табдил ёфта буд. Чоҳ – чашмаи шифобахш гӯр карда шуда аз таҳоратхона, меҳмонхона, дарвозахона осоре ба чашм намерасид. Китобҳои муқаддас тороҷ шуданд. 
Тавре ки Садриддин Салими Бухорӣ (Худо раҳмат кунад) овардааст, болои қабри Хоҷа савобталабе хонаи панҷболоре сохта, онро шиферпӯш намуда буд. Аз ҷойҳои шикастаи шифер болои қабр барфу борон мегузашт. Ба зиёрати қабр рухсат набуд.
Баъди соҳибистиқлол гардидани мамлакат ин зиёратгоҳ низ умри дубора дид.
Соли 1999 мувофиқи лоиҳаи меъморони корозмуда ин ҷо маҷмӯи нав бунёд гардид. Мақбараи нави дуошёна, ҳавз, масҷиди ҷомеи нав, меҳмонхона, дарвозахона, ошхона ва иморатҳои нав сохта шуданд. Атрофи зиёратгоҳро боғу гулзор зеб дод.
Баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба вилояти Бухоро моҳи феврали соли ҷорӣ масъалаи боз ҳам ободтар намудани зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир» ба миён омад. Ба қарибӣ мо бо ҷараёни корҳо дар зиёратгоҳи Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ шинос шудем. Бояд таъкид намуд, ки ин зиёратгоҳ байни ноҳияҳои Вобканду Шофиркон дар самти ғарбии роҳи автомобилгарди Шофиркон – Бухоро вақеъ гардидааст. Дар ҳақиқат зиёратгоҳ бо дарахтону киштзори атрофи худ ба чашм дилкашу ҷозибанок метобад.
Дар шафати роҳ барои нақлиёти зиёраткунандагон истгоҳи автомобилӣ сохта шудааст. Аз дур ҷӯшу хурӯши корҳои бунёдкорӣ эҳсос мегардид. Гурӯҳе аз бинокорон дарвоза месохтанд. Мо дар назди онҳо лаҳзае таваққуф кардем.
Маълум гардид, ки ба устои бухороӣ Бахтиёр ҷавонон аз Бухорову Шофиркон Мурод Баракатов, Икром Маҳмудов, Достон Тойиров, Ҷасур Ҳақбердиев ва дигарон кӯмак мерасонанд. Дар тарафи чап берун аз дарвозаи зиёратгоҳ бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Муҳаббат, Хайрия, Саховат» меҳмонхонаи дуошёна месохтанд. Вориди зиёратгоҳ гардидем.
Гурӯҳе бо сардории усто Сайфулло Ботиров ба фарши зиёратгоҳ санги мармар мечинданд.
Мо дар ин ҷо бо кормандони идораи ободгардонии ноҳия ва бинокорон Муҳиддин Мӯъминов, Иброҳим Ҳасанов, Дониёр Ҳакимов, Воҳид Файзиев, Ихтиёр Сатторов, Олимҷон Шаруллоев вохӯрда, бо ҷараёни корҳои онҳо шинос шудем.
Дар зиёратгоҳ суҳбати мо бо ноиби имом-хатиби масҷид Қувондиқ Қулиев қӯр гирифт. Имом-хатиб Ғолибҷон Очилов ба зиёрати Каъба рафтааст.
– Дар зиёратгоҳи мо корҳои бинокорӣ бори сеюм сурат мегиранд,  — хабар дод ноиб. – Бори аввал маҷмӯа солҳои 1998-1999 эҳё шуда бошад, соли 2016 айвонҳои нав бунёд гардиданд. Имсол бо шарофати ташрифи сарвари давлат ба вилояти Бухоро ҷараёни бунёдкорию таъмиркунӣ ранги дигар гирифт. 
Шаш моҳи охир дар ин ҷо ду айвон, кушхона, таҳоратхона, худоихона, меҳмонхонаи дуошёна қад боло кард, фарши зиёратгоҳро санги мармар зеб медиҳад. Бунёди манораи сездаҳметра ва дарвозахона идома дорад. Мақбараю масҷид аз нав сохта мешавад, – таъкид намуд вай.
Ноиб моро бо Ҳоҷибобо – Савриддин Ҳотамов шинос кард. Вай ба беҳшавии манзараи зиёратгоҳ саҳм мегузорад.
Бо вуҷуди он, ки дар ин ҷо корҳои ободгардонию бинокорӣ ҷараён доранд, ташрифи зиёраткунандагон қатъ намеёбад. Ба амал татбиқ шудани лоиҳаи нав бошад, баҳри фаъолияти бештари он мусоидат хоҳад кард.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: