НАФАСИ ОСУДА – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Дар ҷамъомадҳо асосан дар бораи муваффақиятҳо сухан рондан расм шудааст.

Барои тасдиқи фикр рақамҳоро қатор мекунанд... Президентамон таъкид намуд, ки вақти аз ин усули куҳна, ки аз худтаърифкунӣ асос ёфтааст, даст кашидан фаро расидааст, дар баҳо додан ба корҳо ба таҳлил, тадқиқ ва мулоҳизоти солим такя намоем.
Дар дунёе, ки ноором аст ва онро барҳақ ба киштии бузурги дар уқёнуси пуртӯфон лаппишхӯранда монанд мекунанд, шукри  бисёр, бино бар осудагии Ватани маҳбубамон хотирҷамъ зиндагӣ мекунем. Қалъаи бузурги мустаҳкамест ин кишвар, ки дар он оромӣ ҳукмрон аст. Дар таъмини амният кормандони корҳои дохилӣ, ки ба маънои ҳақиқӣ посбони осудагианд, нақши муҳим доранд ва онҳо бетанаффус паи иҷрои вазифаи пурмасъулияте, ки дар зимма доранд, сидқидилона хидмат мекунанд.
Вале корҳое, ки дар ин самт пеш бурда мешаванд, қонеъкунандаанд? Барои пешгирии саривақтии қонуншиканиҳо, кушодани гиреҳҳои ҷинояткорӣ, боз ҳам баланд бардоштани масъулияти мақомоти корҳои дохилӣ ва идораҳои дигари давлатӣ ба иҷрои чӣ гуна амалҳо бояд эътибори аввалдараҷа дод?
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 27 июли соли равон баргузор гардид, дар атрофи ин гуна масъалаҳо фикру мулоҳизот баён шуданд. Роҳбари давлатамон таъкид сохт, бо давраи пешина муқоиса намудани нишондиҳандаҳо моро қонеъ намесозад, бар низоми бо усули комилан нав ташкил намудани корҳои пешгирии ҷиноят ва баҳо додан ба фаъолияти ходимони соҳа талаби давр аст.
Воқеан, миқдори ҷинояткориҳо дар соли 2017 назар ба соли 2016 16 фоиз кам шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон, ҳамчунин, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 35 фоиз коҳиш ёфтани ҳолатҳои номатлубро мушоҳида карданамон мумкин.
Нишондиҳанда, яъне камшавии ҷинояткориҳо хуб, вале гап танҳо сари миқдор аст? Дигар, куштор ва шикасти вазнини ҷисмонӣ расондан, ҷинояткориҳо вобаста ба ғоратгариву тороҷ, дуздиву қаллобӣ ҳамон мардуми моро ба ташвиш мегузорад.
Ҳисобу китоби ягонаи қонуншиканӣ ва  таҳлили вазъ дар ин бахш асосан ба зиммаи Маркази иттилооти Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шудааст, вале кор суст аст, гуфт роҳбари мамлакати мо. Хуб мешуд Маркази иттилоотӣ ба сохтори Прокуратураи генералӣ гузаронида ва ҳаракатҳо дар он ҷоннок гардонида шаванд. Ҷорӣ намудани низоми электронии қайди қонуншиканиҳо, дар ҳудудҳо ташкил сохтани назорати рейтингӣ барои пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои нохуш аҳамияти алоҳидаро молик аст. Барои пешбурди ҳисобу китоби аниқи рақамҳои марбут ба қонуншиканӣ ташкили механизми муассире тақозои давр аст, ки он шахсони ба ҷиноят моилро низ аз эътибор дур намегузорад.
Беҳуда нагуфтаанд, назар ба ҷазо додан пешгирии ҷиноят маъқул ва мақбултар аст. Омилҳоеро бояд омӯхт, ки касро ба кӯчаи ҷиноят тела медиҳанд.
Вале ин танҳо вазифаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ не, вазифаи як қатор идораҳои дахлдор, аҳли ҷомеа аст.
Аз даврае, ки консепсияи «Пойтахти бехавф» татбиқ мегардад, оромӣ ва осудагии бештар дар Тошканди азимро ҳис мекунем. Шабонгоҳон низ дар кӯчаҳои шаҳр хотирҷамъ қадам задан мумкин. Одатан мардуми шаҳр ба мақоли «дари баста – балои гашта» амал карда, рӯзонаҳо низ дару дарвозаҳояшонро кушода ё бе қулф намегузоранд. Вақте кас омад ва тугмаи зангро пахш кард, қабл аз кушодан ба «оинача»-и дар менигаранд, то аниқ созанд ӯ кист ва бо чӣ мақсад омадааст. Истифода аз воситаҳои назоратии видеоӣ (тасвирӣ) низ расм шудааст. Ба навиштаҳои «Хонаатро худат эҳтиёт кун» дучор меоем. Бале, огоҳӣ ва ҳушёрӣ чизи муҳим. Вале муҳимтар боз  он ки дар мамлакати мо, шаҳру деҳот, маҳаллаву гузарҳоямон осудагӣ хукмрон бошад. Агар кӯча ё маҳалла нотинҷ бошад, дар манзилҳои ба қалъаҳои мустаҳкам шабеҳ ҳам хотирҷамъ зиста наметавонем.
Тобистони соли равон дидем, ки бархе соҳибхонаҳо дар манзилҳои бисёрошёна, то ҳавои тоза дарояд, дарро нимроғ гузошта, шабонгоҳон осуда мехусбанд.
Шояд ин аз шарофати татбиқи консепсияи «Пойтахти бехавф».
Бо баҳисобгирии хусусиятҳои ҳудудҳои ҷумҳурӣ шурӯъ ба татбиқи ин гуна консепсия дар шакли «Шаҳри бехавф», албатта, дар давраи ҳозира воқеаи муҳимест, ки ба таъмини осудагӣ дар сартосари мамлакатамон нигаронида шудааст.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таъкид гашт, масъалаҳо вобаста ба нохушиҳо дар ҳаракати роҳу нақлиёт  низ муҳокима карда шуданд. Мошинҳо, минҷумла, автомобилҳои шахсӣ зиёд мешаванд.
Вале ҳамаи онҳое, ки соҳиби ҳуҷҷати ронандагианд, таҷрибаи кофӣ доранд? Пиёдаҳо ҳама вақт ба қоидаи ҳаракати роҳ риоя мекунанд? 
Афсус, фалокат ва ҳалокатҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар роҳҳо рӯй медиҳанд, ҳамон ташвишангез. Назар ба маълумоти хидмати матбуоти ВКД ҷумҳурӣ тӯли ҳафтае, ки бо охири моҳи июл ва аввали август мувофиқ омад, дар роҳҳои мамлакатамон 160 ҳодисаи роҳу нақлиёт содир ва дар натиҷа 44 нафар шаҳрвандон ҳалок шуданд, 142 нафар ҷароҳатҳои гуногуни тан бардоштанд. Аз ҷониби нозирони хидмати роҳу патрул 86171 қоидавайронкунӣ аниқ карда шуд, ки аз он 40362-то қоидавайронкунии вазнин аст. Аз ҷумла, 1596 ронанда дар вазъи истеъмоли нӯшокии спиртӣ паси фармон нишастааст. Риоя накардан ба ишораи чароғакҳои роҳу чорраҳаҳо, вайрон кардани қоидаҳои одамкашонӣ, бурида гузаштани хати роҳҳои оҳан, истифода аз телефонҳои мобилӣ аснои ҳаракат, набастани тасмаҳои бехавфӣ ва ҳоказо аз ҷониби ронандагон ҳамон зиёд ба мушоҳида мерасад.
Ҳар яки мо бояд ба нуктаҳое, ки дар Консепсияи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ барои солҳои 2018-2022 муайян шудаанд, аз наздик шинос шавем, ба қоидаҳои ҳаракати роҳу нақлиёт қатъиян риоя намоем. Содир нашудани нохушӣ дар намудҳои гуногун ва баҳрамандӣ аз ҳаёти осуда, гуфтанием, ба ҳар яки мо низ вобаста аст.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: