ҲАР ГУНА МАҲОРАТ БОЯД ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШАД

Мухбири рӯзнома бо директори Маркази минтақавии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ходимони таълими халқи назди Донишгоҳи давлатии Андиҷон, номзади илми таърих Абдуллоҳи Тоҳириён суҳбате анҷом дод, ки муҳтавои он пешкаши шумо, хонандагони гиромӣ мегардад.

– Имрӯзҳо гувоҳи он мегардем, ки бар асоси ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ кишварамон рӯз аз рӯз ба дигаргуниҳои куллӣ ноил мешавад. Оё  ҳамин ислоҳот дар доираи фаъолияти шумо мақсаду вазифаҳои навро пеш мегузоранд?     
– Айни замон ғояҳои инноватсионӣ, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари мо татбиқ мегарданд, ҳамчунин навигариҳое, ки ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳар каси бошуури ҷомеа илҳоми рӯҳӣ, нерӯи ҷисмонӣ, фахру ғурури маънавӣ мебахшанд. Ин ҳақиқати раднопазир аст. Ояндаи дурахшони ҳар як ҷамъият ва давлат, маҳз, дар даргоҳҳои таълиму тарбия поягузорӣ мешаванд. Фардои халқу миллат аз он вобаста аст, ки имрӯз фарзандонаш дар кадом дараҷа ва савия таълиму тарбия мегиранд. Яке аз омилҳои ҳалкунандаи сифатнок ҷорӣ намудани ислоҳот дар таълим такмили ихтисоси ходимони педагогӣ, дуруст ҷобаҷогузорӣ ва бозтайёркунии онҳо мебошад. Агар имрӯз дар ҷумҳурӣ мавҷуд будани 9 ҳазору 680 мактаби таълими миёнаи умумӣ, 4 ҳазору 916 муассисаи таълими томактабӣ, 211 маркази авлоди баркамол  ва дар онҳо фаъолият доштани беш аз 400 ҳазор   ходимони педагогиро ба назар гирем, аҳамияти ин омил чандин бор меафзояд. Агар корманди соҳаи таълим дар панҷ сол як бор ба такмили ихтисос омада, маҳорати касбии худро такмил диҳад, навигариҳои марбут ба фаъолияти касбиашро дониста, технологияҳои педагогӣ ва ахбору коммуникатсиониро омӯзад, аз талабҳои замон қафо намонда, дарсҳои сифатнок ташкил карда метавонад, дар муассисаи таълимӣ сифати таълим коҳиш намеёбад.    
– Пас, дар низоми такмили ихтисос ва бозтайёркунии кадрҳои педагогӣ низ нафаси ислоҳот пурра эҳсос мешавад? 
– Албатта. 26 сентябри соли 2017 бо ташаббуси Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев қароре ба имзо расид, ки маҳз ба ин саволи шумо ҷавоб мебошад. Он қарор «Дар бораи чорабиниҳо оид ба такмили минбаъдаи низоми тайёр кардани кадрҳои педагогӣ, бозтайёркунӣ ва такмили ихтисоси ходимони таълими халқ» ном дошта, дар он таъкид шудааст, ки салоҳияти илмӣ, сифати дарси педагогҳои институтҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ходимони таълими халқ ба талаби рӯз ҷавоб намедиҳад. Ба  таҳқиқоти илмӣ машғул нашудани ходимон, суст будани назорати берунии онҳо дар ин ҷо аз сабабҳои асосӣ нишон дода шуд. Боз қайд гардид, ки байни соҳаҳои таълими халқ ва таълими олӣ алоқамандӣ таъмин нашудааст. Бинобар ин, ходимони муассисаҳои таълими  миёнаи умумӣ ва беруназмактабӣ аз навигариҳои методикаи таълими фанҳо, назарияи таълиму тарбия, ислоҳот дар соҳаи таълими олӣ, таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ бехабаранд. Ба асоси  ин қарор, ба сифати чораи ҳалли муаммоҳои мавҷуда,  аз моҳи январи соли ҷорӣ собиқ институтҳои бозтайёркунӣ ва такмили ихтисоси ходимони таълими халқ ба маркази минтақавии назди муассисаҳои таълими олӣ табдил ёфтанд. Мо дар назди Донишгоҳи давлатии Андиҷон, акнун аз таъминоти илмӣ-методӣ, салоҳияти илмии кафедраҳои донишгоҳ истифода намуда, комёбиҳои илмии инноватсионӣ, технологияҳои замонавии педагогӣ ва ахбору коммуникатсиониро ба ҷараёни таълим пайваста, ба он муяссар шуданием, ки дарсу машғулиятҳо мазмун ва моҳияти нав касб кунанд. Чунки акнун ба сафҳои мо аз кафедраҳои донишгоҳ мутахассисони соҳибмалака, бомаҳорат, олимони шинохта ҷалб карда шуданд. 
 – Вазифаҳои асосии маркази минтақавӣ аз чӣ иборат аст? 
 – Аксарият фикр мекунанд, ки дар низоми такмили ихтисос фақат шаклу сохтор дигар шудааст. Дар асл чунин тасаввур хатост. Зеро моҳияти ислоҳоти соҳа – ин такмил додани мазмуни таълим мебошад. Аз ин рӯ, имрӯзҳо шунавандагон дар ҷараёни таҳсили худ гувоҳи онанд, ки навигарӣ ва дигаргуниҳо хеле ҷиддӣ ва нафъбахшанд. Дар боби вазифаҳои дар пешистода чанд сухан гуфтан зарур бошад,  пеш аз ҳама, бояд зикр кунам, ки мо бояд барои ҷавонон шароит фароҳам орем. Шароите, ки дар он насли ҷавон соҳиби дониши қавӣ гардад, чун шахси баркамолу варзида, соҳибмаънавияту ватанпарвар ба воя расад. Чунин шароитро дар муассиса ва масканҳои таълим айнан педагог – мураббӣ, педагог – муаллим, педагог – устод фароҳам оварда метавонад. Албатта, дар ҳоле ки худи педагог аз ҷиҳати методика, назария ва татбиқи он дар амал  варзидаву шоиста бошад. Ба истилоҳи дигар, вай бояд бо навигариҳои илму фан мусаллаҳ, ҳамқадами замон бошад. Вазифаи асосии маркази мо ба дараҷаи ҷавобгӯи талабҳои рӯз расонидани ҷараёни такмили ихтисос мебошад. Сарҳади вазифаҳо васеъ, мазмун серпаҳлу, ва албатта, мақсад дақиқ – ба ислоҳоти сифатнок муяссар гардондани соҳаи таълим. 
– Шунавандагони курсҳои такмили ихтисосро чӣ навигариҳо интизоранд?
– Имрӯз педагогҳое, ки ба такмили ихтисос меоянд, ислоҳотро дар амал дида, гувоҳ бар онанд, ки эътибор ба масъулияти касбӣ ва шахсӣ дар соҳаи таълим хеле  афзудааст. Аз ин рӯ, ба мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷи методии ходимони соҳаи таълим, акнун дар ҷараёни бозтайёркунӣ ва такмили ихтисос шакл ва усулҳои пешқадами таълим, назорат ва баҳогузорӣ ҷорӣ карда шудаанд. Дар пайи такмили мунтазами барномаҳои таълимӣ таҳқиқотҳои илмӣ-методӣ, корҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шудаанд. Акнун муаллими мактаб ба сифати шунавандаи Маркази минтақавӣ нишондиҳандаҳои фаъолияти касбии худро дар давоми панҷ соли охир сарҳисоб карда меояд. Дар сайти марказ ба ҳар як шунаванда барои портфели шахсии ӯ кабинети шахсӣ кушода шуда, логини махсус ва парол дода мешавад. Шунаванда ба портфели шахсиаш нишондиҳандаҳои фаъолияти касбиашро ҷойгир мекунад ва мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда соҳиби холи муайян мегардад. Баъд гурӯҳи мониторинги Марказ ҳаққонияти нишондиҳандаҳои шунавандаро таҳлил карда, дурустии онҳоро тафтиш намуда, ба холи додашуда хулосаи ҷамъбастӣ медиҳад. Худи ҳамин амал аввалин навигарӣ дар ҷараёни такмили ихтисос ба ҳисоб меравад. 
Ҷараёни такмили ихтисос яке аз воситаҳои мақбултарини сайқали маҳорат мебошад. Агар боз соддатар изҳор кунем, сайқали маҳорат ин зарурати ҳамқадам будан бо руҳ ва талаби замон, мувофиқат кардан бо суръати тараққиёти ҷомеа, огоҳӣ аз навигариҳои рӯз мебошад. Барои ҳамин  муаллими мактаб акнун ҳар як амал ва ҳаракати худро ба таври муназзам ҷамъбаст намуда, ҳисоб карда, хулоса мебарорад, то нишондиҳандаҳояш арзиш дошта бошанд. 
Дигар ин ки акнун супоридани тест бо усули онлайн роҳандозӣ мешавад. Санҷишҳои тестӣ ба таври мутамарказ аз тарафи Сармаркази илмӣ-методӣ ба амал бароварда мешаванд. Ин ҳолат дар таъмин намудани шаффофияти арзёбии сатҳи дониши шунаванда қадами муҳим гардид. Пеши роҳи ҳама гуна амалҳои миёнаравию воситагарӣ гирифта шуд.
Боз як навигарӣ, ба ҷараёни ташкил кардани дарсҳо ҳам навигариҳо ҷорӣ шуданд. Ба роҳ монда шудани машғулиятҳо дар шакли семинар, видеосеминар дар миқёси ҷумҳурӣ, ба ҷиҳати самаранокии дарсҳо натиҷаи мусбӣ бахшид. Ба воситаи ин усул шунавандагони ҳамаи вилоятҳо имкон пайдо карданд, ки аз дарси мутахассиси таҷрибадор, соҳибмаҳорати дигар вилоят ҳам баҳраманд шаванд. 
 – Ҳоло, ибораи «таълими мустақилона» дар байни кормандони соҳаи таълим хеле роиҷ гаштааст. Ҳамин тавр не?
 – Ба назарам, омили хеле муҳими дигаре, ки ба ислоҳоти таълим самараи хуб мебахшад, маҳз  ба таври муназзам ташкил шудани таълими мустақилона аст. Агар дар таълими муосир яке аз талабҳои асосии тадрис – гузаштан аз таълими оммавӣ ба таълими фаъоли инфиродӣ бошад,  дар таълими мустақилона бештар банд кардани шунаванда аҳамияти муҳим дорад. Чунки барои ба тамоюли инфиродӣ бештар наздик кардани ҷараёни таълим ба зарурати такомул ва тезонидани  фаъолияти мустақилона боварӣ ҳосил мекунем.  Таълими мустақилонаи хуб ташкилёфта барои муаллим на фақат дар муассисаи такмили ихтисос, балки минбаъд ҳам дар ташаккули тафаккури фаъол ва нуқтаи назари мустақилонаи ӯ ёрӣ мерасонад. Ба ибораи дигар, мутахассис барои соҳиб шудан ба маҳорати мунтазам бой гардонидани дониш, баланд бардоштани савияи худ, барои  дар ҳаёт ва ҷараёни меҳнат ҷорӣ намудани онҳо тавассути дуруст ва фаъол иҷро кардани таълими мустақилона ноил мешавад.   
 Албатта, ин тағйирот ва навигариҳо ба осонӣ амалӣ намешаванд ва меҳнату заҳмати зиёдро тақозо менамоянд. Дар ин кор ҳамкории мо бо садоратҳои таълими томактабӣ, таълими халқ ва «Маркази бачагонаи авлоди баркамол»-и вилоят натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Ҳамин тариқ, имрӯз тамоми ходимони педагогии вилоятро дар асоси нақша ба курсҳои такмили ихтисос фаро мегирем. 
 – Роҷеъ ба муассисаҳои таълими вилоят  ва теъдоди омӯзгорону тарбиядиҳандагон низ мухтасар маълумот медодед. 
 – Имрӯз дар вилоят 739 мактаби таълими миёнаи умумӣ, 527 муассисаи таълими томактабӣ, 17 маркази авлоди баркамол мавҷуд буда, дар онҳо 39 ҳазор ходимони педагогӣ фаъолият пеш мебаранд. Ҳар як педагог дар асоси нақша бояд ба такмили ихтисос ҷалб карда шавад. Ҳамин тавр, ҳар сол ба ҳисоби миёна 6,5-7 ҳазор нафар кормандони муассисаҳои таълими халқ дар маркази минтақавии мо ихтисоси худро такмил  медиҳанд.

Суҳбаторо
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: