КОРПОРАТСИЯ КОРИ ХУДРО АЗ НАВ БА РОҲ МОНД

Дар Сенати Олий Маҷлис бо ҳайати Корпоратсияи сармояҳои хусусии хориҷӣ вохӯрӣ ба амал омад.

Дар он муовини аввали раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. Сафоев, ноиб-президенти Корпоратсияи сармояҳои хусусии хориҷӣ Д. Бохигиэн ва дигарон таъкид карданд, ки солҳои охир ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии Ӯзбекистону ИМА дар сатҳи сифатан нав идома доранд. 
Ба меҳмонон дар бораи ислоҳоте, ки дар кишвари мо татбиқ мешаванд, аз ҷумла муҳити мусоиди сармоявӣ, кор бинобар таҳкими пойгоҳи қонунгузорӣ барои ҷалби соҳибкорони хориҷӣ, асосҳои қонунии кафолати давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорони хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти сармоягузорӣ доранд,  маълумоти муфассал дода шуд. 
Зикр гардид, ки мақсади Корпоратсияи сармояҳои хусусии хориҷӣ, ки фаъолияти худро дар мамлакати мо аз нав ба роҳ мемонад, ин кӯмакрасонӣ ба тоҷирони амрикоӣ бобати сафарбар кардани маблағҳо ба бозорҳои наву пешрав, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, аз тариқи пешниҳоди вомҳо ва кафолатҳо ба шумор меравад.

Д. СУННАТОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: