ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ КОНИ ШАРҒУН

Силсилакӯҳҳои Ҳисори шодмон аз кӯҳистони Помир ибтидо гирифта то ба сарҳади Туркманистон тӯл мекашанд.

Ин кӯҳҳои сарбаланд аз маъданҳои гуногун ғанӣ буда, аз онҳо ду ҷумҳурӣ – Тоҷикистону Ӯзбекистон истифода мебаранд.
Солҳои пеш аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон ҳафриётшиносон кони Шарғунро кашф карданд. Онҳо дар ин мавзеъ захираи зиёди ангиштро пайдо карда, маълум намуданд, ки он барои солҳои зиёд кифоят мекунад.
Ба кашф гардидану боз шудани кони мазкур имсол 60–сол пур мешавад. 60-сол боз маҳсулоти кон дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ васеъ истифода мешавад. Дар кашфи кони Шарғун, ки он солҳо барои ҷумҳурии ҷавон чун обу ҳаво зарур буд, одамони зиёде хизмати бебаҳо кардаанд. Собиқадори меҳнат раиси иттифоқҳои касабаи кон Ҳабибулло Муродуллоев он солҳоро чунин ба ёд меоварад.
– Кони ангишти Шарғун пеш аз ҷанг кашф шуда буд – мегӯяд ӯ. – Ҷанг сар шуду кор муддате таваққуф кард. Баъдтар ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳарчи зудтар кушодани ин кон ба корҳои ташкилӣ шурӯъ намуд. Бояд гуфт, ки он солҳо мутахассисони зарурӣ намерасиданд. Бисёр коргарони таҷрибадорро аз конҳои ангишти Кузбасс, Кемерово ва Донбасс барои кор ин ҷо даъват карданд. Бо вуҷуди  ин коргарони таҳҷоӣ чун обу ҳаво зарур буданд.
Тамоми фикру зикри роҳбарони ҷумҳурӣ ба масъалаи кушодани ин кони ангишт банд буд. Тавре ки қайд кардем, бисёр коргарон аз Русия даъват гардиданд.
Он солҳо сокинони деҳаҳои Кӯчкак, Сариосиё, Авлоди ноҳияи Бойсун аксарият аз кӯҳу шахҳо бо зоғнӯлу белу каланд ангишт кофта мегирифтанд ва онро ба аҳолии таҳҷоӣ ва умуман ба мардуми воҳа мефурӯхтанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ кору таҷрибаи бошандагони деҳаҳои номбурдаро омӯхта, соли 1954-уми асри гузашта як қатор мутахассисони таҳҷоиро ба Шарғун кӯчонид. Барои ин мухоҷирин дар доманакӯҳ манзил сохта, онҳоро ба ин корхона ҷалб намуд. Ҳоло ворисони ҳамон муҳоҷирон дар ин корхонаи азамат кор мекунанд. Онҳо бо ифтихору ғурур маҳаллаи худро «Бойсунобод» ном гузоштанд. Баъдтар дар поёнтар аз он шаҳраки Шарғун бунёд гардид.
Пас аз пош хӯрдани давлати шӯроҳо кони ангишти Шарғун ба инқироз гирифтор шуд. Кончиёни ғайримаҳаллӣ хонаву манзили худро фурӯхта, ба мавзеъҳои дигар кӯч бастанд. Коне, ки коргаронаш дар се баст фаъолият доштанд, акнун дар соатҳои муайян кор мекарду бас. Коркунон маоши ночиз мегирифтанд, он ҳам баъзан дар ду-се моҳ ба дасташон мерасид. техникаҳо тамоман корношоям гашта, дар корхона бесару сомонӣ ҳукм меронд. Коргарон аз чунин тарзи кор ба дод омада буданд. Ниҳоят ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил карда шуд. Ба вазифаи раиси ҷамъияти саҳҳомӣ собиқ сармуҳандиси корхона Сайфулло Кӯчаров таъин гардид. 
Ин муҳандиси соҳибтаҷриба, фарзанди яке аз аввалин кончиёни воҳа Ҳабибулло паҳлавони номдор вазифаи басо мушкилро ба дӯш гирифт. Туфайли талош ва баҳсҳои зиёди ӯ кор пеш рафт. То роҳбарии вай дар кон 275 нафар кор мекарданд. Дар муддати се сол миқдори онҳо ба 1670 нафар расид. Акнун коргарон мунтазам маош мегирифтанд, Ҷойи кор, идораи маъмурият пурра аз таъмир бароварда, зиёда аз 27 адад техникаҳои нав харид гардиданд.
– Ба қарибӣ мо ба маблағи 23,6 миллион доллари амрикоӣ техникаҳои замонавӣ харид кардем ва боз 1015 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гаштанд, – мегӯяд директори ҷамъияти саҳҳомии «Шарғункӯмир» Шавкат Сурхонов. Нақшаҳои Сайфулло Кӯчаров ва ҳамкоронаш зиёд ва чун кӯҳҳояшон баланданд. Онҳо дар роҳи амалӣ намудани ин нақшаҳо мунтазам саъю кӯшиш менамоянд.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: