«МУАЛЛИМ ВА МУҲАРРИР ДУ ДАСТИ МИЛЛАТ АСТ»

Ин панди маорифпарвар М.Беҳбудӣ ба истиқболи машварати августии омӯзгорон ба ёд омад.

 Зеро имрӯзҳо зиёиёни мо зери таъсири ҷамъомаде, ки 17-уми июли соли ҷорӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардида, ба масъалаҳои бобати ислоҳ намудан ва инкишоф додани низоми таълими миёнаи умумӣ бахшида шуд, фаъолияти худро куллан тағйир медиҳанд.
Суҳбати мо бо мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Баҳриддин Мардонов маҳз ба масъалаи ба талаби замон ташкил кардани марҳилаҳои наву беҳтарини таълиму тарбия бахшида шуд.
– Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳама давру замон аҳамияти калон дошт, – гуфт мусоҳибам Баҳриддин Ҳабибович, – соли 1913 дар рӯзномаи «Самарқанд» маърифатпарвари тоҷик Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ навишта буд, ки «муаллим ва муҳаррир ду дасти миллат аст». Агар диққат диҳем, дар ин сухан хеле ҳикмат маҳфуз аст, ки ҳоло ҳам аҳамияти калон дорад. 
Солҳои таҳсил дар мактаби рақами 12-уми ба номи Мирзо Турсунзода (собиқ № 95) нигоҳи мо – шогирдон ба панди бузургон афтода беихтиёр мехондем, ки яке аз онҳо то ҳол дар хотирам нақш бастааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Барои ситоиш не, танҳо ба маълумоти шумо мерасонам, ки ман ҳам мисли ҳама хонандаи мактаб будам. Аввалин устодам Соҷида Давронова ва сипас дигар муаллимон кӯшиш ба харҷ доданд, ки камина вориси муносиби онҳо шавам. Инак, амри тақдир будааст, ки баъди хатми факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз муаллими оддӣ то дараҷаи мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия расидам. Бинобар ҳамин ҳамеша ва дар ҳама ҷо такрор мекунам: 
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

– Як олам ташаккур. Акнун гӯед, ки ташвишу таҳлукаи мудири таълими халқи ноҳия аз чиҳо иборатанд?
– Ба мақсади муносиб пешвоз ва васеъ ҷашн гирифтани 27-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, маънавиву маърифатӣ ва иттилоотиву тавзеҳотиро таҳти шиори «Азиз ва ягонаӣ, Ӯзбекистони маҳбуб!» таҳия намудем. Барномаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо қоидаҳои асосии Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Барномаи давлатии «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология» ба ҳаёт тадбиқ мегарданд.
– Аҷиб, тайёрӣ ба соли хониши нав чӣ хел аст?
– Дар ноҳия 54 мактаб ва як маркази бачагонаи «Баркамол авлод» арзи вуҷуд мекунад. Имсол дар соли хониши 2018-2019 дар мактабҳои таълимашон умумӣ 36 ҳазору 733 нафар талаба, аз он ҷумла бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштани 4 ҳазору 727 нафар пешбинӣ шудааст. Қариб ду ҳазору 100 нафар педагогҳо бо корҳои таълиму тарбия машғуланд. Ҳоло тамоми мактабҳо аз таъмири хушсифат баромада, дар ду таълимгоҳ – рақами 19 ва рақами дуюм шуъбаҳои онҳо вайрон шуда, биноҳои наву замонавӣ қад афрохтаанд. Ба ин мақсад 2423 миллиард сӯм аз хазинаи давлат ҷудо гардид. Бояд таъкид намуд, ки барои таъмир, реконструксия ва бунёдкорӣ маблағ ёфтан хизмати ҳокими ноҳия Шуҳрат Ҷамолов хеле калон аст. Ман аз имконият истифода бурда, тавассути рӯзнома барои ғамхорӣ ва дилсӯзӣ ба шуъбаи таълими халқ, шахсан ба ҳокими ноҳия ва дигар секторҳо арзи сипос менамоям.
– Шуъбаи таълими халқи ноҳия бо кадом мактабҳо ифтихор дорад?
– Хабардор ҳастед, ки мувофиқи қарори сарвазир аз 30-юми сентябри соли 2017 низоми идоракунии Вазорати таълими халқ такмил ёфт ва фаъолияти минбаъдаи мо муайян гардид. Аз ҳама муҳимаш, ба ҷараёни таълиму тарбия ҷорӣ кардани технологияи пешқадами педагогӣ ва ахбору коммуникатсионӣ, бо роҳи устувор намудани мавқеи иҷтимоии омӯзгорон баланд бардоштани сифати таълим вазифаҳои таъхирнопазир гузошта шуд, ки натиҷаи хуб доданд. Қариб дар ҳамаи мактабҳо пешравӣ ҳаст. Аммо мактабҳои беҳтарин таълимгоҳи рақами 2 (директор Гулчеҳра Нарзиқулова), рақами 7 (директор Фирӯза Остонова), рақами 16 (директор Маъруф Камолов), рақами 30 (директор Исмоили Ҷабборӣ) мебошанд. Муаллими фанни риёзӣ Элёр Маъруфӣ (мактаби рақами 10), забони ӯзбекӣ Лотина Сатторова (мактаби рақами 34), таърих Марғуба Амонова (мактаби рақами 24), забон ва адабиёти тоҷик Наргис Нарзуллоева (мактаби рақами 37) ва дигарон на танҳо дар ноҳия, инчунин вилояту ҷумҳурӣ ба ҳурмату эҳтиром соҳибанд. Таҷрибаи онҳо тавассути матбуот ва дастурҳои таълими халқ ба дигар шаҳру ноҳияҳо паҳн шудааст. Зеро шогирдони онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ҷойи фахриро ишғол кардаанд.
– Акнун дар бораи мактабу синфҳои тоҷикӣ низ маълумот медодед?
– Ҳоло дар ноҳия 24 мактаби тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад. Дар 230 синф 5 ҳазору 755 нафар таҳсил мегиранд. Ҳамаи онҳо бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин шудаанд.
– Имсол қабул ба синфҳои тоҷикӣ чӣ хел аст?
– Ба ҳар ҳол аз солҳои гузашта беҳтару хубтар. Лекин барои ба забони модарӣ таҳсил гирифтан волидайн масъул ҳастанд. Агар ягон нафар роҳбари таълимгоҳ барои кушодани синфҳои тоҷикӣ ягон хел баҳона пеш орад, ё ки садди роҳ шавад, албатта дар назди қонун ҷавобгар хоҳад шуд. Зеро дар ноҳия шиори «Бародарию баробарӣ» ҷорист.
– Хеле нағз, вале дар масъалаи муаммоҳо ҳеҷ чиз нагуфтед.
– Дар куҷо кор бошад, албатта камбудӣ ё норасоӣ ҳаст. Ҳеҷ кас аз берун омада онро бартараф намекунад. Мо аллакай аз ҷамъомади таърихии 17-уми июли соли ҷорӣ хулоса баровардем ва барои бартарафсозии онҳо чораҳо андешидем. Қариб ҳар рӯз бо ҳокими ноҳия ва дигар шахсони масъул ба мактабҳо рафта кӯшиш мекунем, ки соли хониши навро муносиб ва хурсандона пешвоз гирем.
– Баҳриддин Ҳабибович, ниҳоят таманнои шумо?
– Зиндагӣ саросар омӯзиш аст, зеро ҳаёт ҳамвора дар пешравист.
Касеро, ки дил бошад омӯзгор,
Бувад огаҳ аз разми ин рӯзгор.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: