Ўзбекистон – Эрон: ҳамкории дуҷониба оид ба боркашонӣ ривоҷ меёбад

Дар Теҳрон оид ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии бор музокирот баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ корҳои пурсамари муштарак дар соҳаи раванди ҳамлу нақл қайд карда шуд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2021 ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳани Эрон ва Ӯзбекистон дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2020 2,6 баробар афзоиш ёфтааст. Афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақл аз ҳисоби корҳои дар соҳаи ҳамлу нақли роҳи оҳан самарабахш амалишуда, инчунин аз ҳисоби истифодаи сиёсати тағйирпазири тарифӣ ба даст омаданд.

Дар соли 2022 рушди минбаъдаи долонҳои нақлиётию транзитӣ, ҳамчунин ташкили ҳамлу нақли мултимодалии борҳои содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, аз ҷумла бо истифода аз бандарҳои баҳрии Эрон дар назар аст.

Барои баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, техникӣ, меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан гурӯҳи муштараки  корӣ таъсис дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки хатти роҳи оҳани Туркманистон ва Эрон тавассути бандарҳои баҳрии Эрон долонҳои нақлиётии Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Халиҷи Форс мепайвандад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҶСК “Ӯзбекистон темир  йӯллари”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: