Ўзбекистон – Германия: масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ муҳокима шуданд

16 июли соли равон мулоқоти муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев ва Котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Федеративии Германия Анетт Крамме барпо гардид.

Зимни мулоқот дар Сенат доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Намояндагони Олмон ба ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президент Ш.Мирзиёев ҳам дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии хориҷии Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, баҳои баланд доданд.

Зимни мулоқот аҳамияти Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба муҳоҷират ва ҳаракат байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба барпо намудани занҷири таъминоти устувори мол диққат дода шуд. Оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар хотимаи мулоқот оид ба рушди минбаъдаи равобити мутақобилаи  байни Ўзбекистон ва Германия мувофиқа ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: