Ўзбекистон иқтидори сармоягузории минтақаҳоро мустаҳкам мекунад

Муовини Сарвазир - вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев роҳбарияти "International Development Ireland" (IDI, Ҷумҳурии Ирландия) қабул кард. Гурӯҳи коршиносон дар тӯли солҳои охир оид ба рушди иқтидори сармоягузории вилоятҳои Бухоро ва Хоразм корҳо пеш бурданд.

Намояндагони ширкат оид ба корҳои дар блоки якум тибқи шартнома анҷомдодашуда, ки байни Маркази рушди лоиҳаҳои сармоягузории назди ВССХ ва IDI ба имзо расидаааст, ҳисобот доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки аз ҷониби ширкат Стратегияи маҷмӯгии рушди иқтидори сармоягузории вилоятҳои Бухоро ва Хоразм таҳия гардида, омӯзиш аз рӯи барномаи такмили ихтисос оиди ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар шакли  вақти пурра ва онлайн барои роҳбарият ва кормандони вазорат ва ташкилотҳо, ки барои соҳаи ҷалби сармояҳо масъул мебошанд, ба охир расид. Дар дарсҳо коршиносони Агентии ҷалби сармояҳои Ҷумҳурии Ирландия иштирок намуданд.

Аз ҷониби мутахассисони ширкат бо мусоидати ҳокимиятҳои вилоятҳои Бухоро ва Хоразм инчунин идораҳои минтақавии  IDI кушода шуда, арзёбии имкониятҳои сармоягузории 25 ширкат дар ҳар ду вилоят анҷом ёфт. Ба 620 нафар сармоягузорон аз имкониятҳои мавҷудаи минтақавӣ маълумот дода шуда, 16 нафари онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мутақобилан судманд гуфтушунидро оғоз намуданд. Сухан дар бораи соҳаҳои хидмати тиббӣ ва меҳмонхона, истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ, чорводорӣ, тавлид ва фурӯши маҳсулоти тайёри бофандагӣ, масолеҳи бинокорӣ, маснуоти тиббӣ меравад.

Дар поёни мулоқот намояндагони ширкат омодагии худро барои идомаи фаъолияти худ дар Ӯзбекистон изҳор доштанд. IDI консепсияи фаъолиятҳои минбаъда, аз ҷумла дар самти тағйир додан ва баланд бардоштани самаранокии сохторҳои ҳудудии вазоратро таҳия ва муаррифӣ мекунад, ки дар музокироти минбаъда баррасӣ хоҳад шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: