"Ўзбекистон темир йўллари» аз Андиҷон қатораҳои иловагии мусофиркашонро ба роҳ мемонад

Аз 28 сентябри соли ҷорӣ ҶС “Ўзбекистон темир йўллари” ҳаракати қатораи иловагии мусофикашонии №651/652-ро бинобар хатсайри "Андиҷон – Хева – Андиҷон" ба роҳ мемонад.

Ин қарор ба манзури иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пайвастани водии Фарғона ва манотиқи дигари кишвар тавассути роҳи оҳан ва рушди сайёҳии дохилӣ қабул шудааст.

Поездҳо аз рӯи ҷадвали зерин ҳаракат мекунанд:

Поезди мусофирии № 651/652 «Андиҷон — Хева — Андиҷон» аз Андиҷон рӯзҳои чоршанбе аз 28 сентябр ба роҳ мебарояд; аз Хева ба самти муқобил рӯзҳои панҷшанбе, аз 29 сентябр.

Илова бар ин, аз 29 сентябри соли 2022 қатораи мусофирбари №391/392 «Андиҷон – Урганҷ – Андиҷон» рӯзҳои панҷшанбе аз Андиҷон ва рӯзҳои ҷумъа аз истгоҳи Урганҷ ҳаракат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: