Муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев бо вазири савдои Ҷумҳурии Туркия Мехмет Муш мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо таваҷҷуҳ ба густариши тиҷорати мутақобила табодули афкор намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми савдои мутақобила ду баробар афзуда, дар соли 2021 ба 3,4 миллиард доллар расид. Омодагии тарафайн ба идома додани кори муштарак дар самти мазкур ба мақсади дар соли 2023 то 5 миллиард доллар расондани ҳаҷми муомилоти моли Ӯзбекистону Туркия ва дар ояндаи наздик то 10 миллиард доллар изҳор гардид.
Ба ҳамин муносибат тарафҳо аҳд карданд, ки раванди мувофиқаи Созишнома дар бораи тиҷоратии имтиёзнокро бо мақсади дар ояндаи наздик тасдиқ намудани он тезонанд. Инчунин тадбирҳои минбаъда оид ба рафъи монеаҳои тиҷоратӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар амалисозии амалиёти тиҷоратӣ ва ҷорӣ намудани қарорҳои рақамӣ дар ин самт пешбинӣ шудаанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаҳои амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту логистика таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бо дарназардошти динамикаи мусбати нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли автомобилӣ ва ҳавоӣ миёни ду кишвар ҷонибҳо ҷонибдори татбиқи тадбирҳои амалӣ оид ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли мустақим ва транзитӣ байни ду кишвар изҳори назар карданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо қадамҳои минбаъдаро оид ба татбиқи амалии ташаббусҳои баёнгардида нишон дода, формати ҳамкориро дар тамоми самтҳои баррасишаванда муайян намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.