Ўзбекистон ва Афғонистон масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд

12 апрел дар Тирмиз мулоқоти роҳбарони ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» бо ҳайати Афғонистон таҳти сарварии раиси раёсати роҳи оҳани Афғонистон Бахтулраҳмон Шарофат ба амал омад.

Ҷониби Афғонистон ба Ӯзбекистон барои тадбирҳо ва саъю талошҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷониба, зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли бор ба Афғонистон ва аз Афғонистон, инчунин мусоидат дар коркарди саривақтии молҳо изҳори сипос намуд.

Аҳамияти татбиқи муштараки лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони хатти роҳи оҳани "Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар" қайд карда шуд.

Мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳои ду кишвар кори худро идома медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: