Чанде пеш дар Тифлис 57-умин Ҷаласаи солонаи Шӯрои идоракунандагони Бонки осиёии рушд баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ, ки таҳти шиори умумии “Кӯпрук ба сӯи оянда” баргузор шуд, ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев иштирок намуданд.
Зимни мулоқот муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Хуррам Тешабоев ва директори генералии Бонки осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков меморандумро оид ба татбиқи барномаи солҳои 2025-2027 ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллар имзо карданд.
Барнома лоиҳаҳоеро дар бар мегирад, ки барои ҳарду ҷониб манфиатдор буда, ба Стратегияи рушди «Ӯзбекистон – 2030» мувофиқанд.
Ӯзбекистон соли 1995 узви БОР шуд. Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ӯзбекистон соли 1998 кушода шуд. Ҳаҷми умумии маблағҳои аз ҷониби Бонки осиёии оушд барои сандуқи мустақили Ӯзбекистон пешниҳодшуда ба 12 миллиард доллар расид. Соли гузашта БОР барои 4 лоиҳаи соҳибихтиёр ва 2 барнома 6 қарз ва 1 грант ҷудо кард.