Ўзбекистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ният доранд ҳамкории савдову сармоягузориро мустаҳкам кунанд

16 августи соли равон дар остонаи сафари Сарвари давлат ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷидда мулоқоти муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев бо Вазири савдои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Маҷид бин Абдуллоҳ ал-Касаби ба амал омад.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Маҷид бин Абдуллоҳ ал-Касаби ба амал омад.

Дар рафти суҳбат чораҳои пешомаднок оид ба зиёд гардондани ҳаҷми муомилоти тарафайни мол, роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории сармоягузорӣ, инчунин рӯзномаи иқтисоди сафари пешистодаи Сарвари Ӯзбекистон ба Арабситони Саудӣ баррасӣ шуданд

Аз аввали соли равон 13 баробар афзудани ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба асосан аз ҳисоби интиқоли фаъоли мутақобилаи маҳсулоти нассоҷӣ, меваю сабзавот, маҳсулоти пластикӣ ва металлӣ қайд карда шуд. Тарафҳо манфиатдории тарафайнашонро дар зиёд кардани ҳам ҳаҷми маҳсулотсупорӣ ва ҳам васеъ кардани навъҳои молҳои фиристодашуда изҳор намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот аз рӯи ҳамаи масъалаҳое, ки ҳар ду тараф мароқ зоҳир менамоянд, мавқеи умумӣ тартиб дода шуд. Итминон ҳосил шуд, ки сафари дарпешистодаи сатҳи олӣ ба рушди робитаҳои соҳибкорӣ такони нав бахшида, рӯзномаи васеи муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Арабистони Саудиро бо мазмуни амалӣ ғанӣ мегардонад, хабар медиҳад ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: