Ўзбекистон ва СММ: солҳои ҳамкории ба ҳамдигар муфид

2 марти соли 2022 дар Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия таҳти мавзӯи "Ӯзбекистон ва СММ: солҳои ҳамкории баҳамдигар муфид" суҳбати "мизи мудаввар" баргузор гардид.

Чорабиниро Сенати Олий Маҷлис, Вазорати корҳои хориҷӣ, Намояндагии СММ дар Ӯзбекистон ва Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия ташкил карданд.  

Дар он сенаторон, намояндагони вазорату идораҳо, сарони сохторҳои намояндагии СММ дар Ӯзбекистон, миссияҳои Ӯзбекистон дар СММ, инчунин коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, олимон ва мутахассисон аз Осиёи Марказӣ, мактабҳои олии ватанӣ ва хориҷӣ ва институтҳои илмию тадқиқотӣ иштирок карданд.

Дар рафти суҳбати "мизи мудаввар" масъалаҳои мубрами замони мо дар заминаи ҳамкориҳои фаъол ва ҳамкории судманди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлис, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия С. Сафоев чорабиниро ифтитоҳ бахшида, сатҳи баланди ҳамкории Ӯзбекистонро бо СММ дар ҳамаи зинаҳои рушд дар тӯли ҳамкории 30-сола қайд карданд. Пайравии Ӯзбекистон ба таҳким бахшидан ва рушди ҳамаҷониба бо СММ ҳамчун созмони байналмилалии калидӣ дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар сайёра таъкид гардид.

Кӯшишҳои Ӯзбекистон дар ҳалли мушкилоти таъхирнопазири дорои хусусияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз ҷониби СММ дастгирӣ карда мешаванд. Ин аст, ки мавқеъи созандаи мутавозин ва пайгиронаи Ӯзбекистон, ташаббусҳои Президенти кишвар оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ба ҳадафҳои глобалии Созмони Милали Муттаҳид, ки ба таҳкими сулҳ ва субот, шукуфоӣ ва рушди устувор нигаронида шудаанд, комилан мувофиқ аст.

Иштироккунандагони хориҷии суҳбати «мизи мудаввар» дар баромадхои худ ба равандҳои ислоҳот дар ҷумҳурӣ, ки бо роҳбарии Президент Ш.М. Мирзиёев татбиқ мегарданд, инчунин сиёсати ошкоро ва собитқадамонаи хориҷии роҳбари Ӯзбекистон, ки ба афзоиши нуфузи байналмилалии кишвар мусоидат мекунад, баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбати "мизи мудаввар" оид ба муқовимат ба таҳдиду даъватҳои муосири амният, аз ҷумла тадбирҳо оид ба рафъи бӯҳрон дар давраи пасазпандемия, паҳн накардани силоҳи қатли ом, ҳалли мушкилоти экологӣ, тағйир додани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифз ва рағбатноксозии ҳуқуқҳои инсон, инкишофи туризм маърӯзаю суханронӣ шунида шуд.

Дар рафти чорабинӣ оид ба паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориҳои судманд ва самарабахши Ӯзбекистон ва СММ, баланд бардоштани нақши Созмон дар арсаи байналмилалӣ, бахусус бо назардошти динамикаи мунтазам тағйирёбандаи равандҳои ҷаҳонӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор табодули афкор ва муҳокимаи фаъол сурат гирифт,  хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: