Ўзбекистон ва Тоҷикистон ба беш аз 40 созишномаи сайёҳӣ имзо карданд

Бо мақсади вусъат додани хамкории байни ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 40 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар чаҳорчӯби ҳамоиши гардишгарӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба қарибӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, баргузор шуд, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин ҳамоиш ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи сайёҳиро ба манзури густариши минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ карданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ду кишвар ҳамчунин доир ба дастрас будани нархҳои хидматрасонии сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия табодули назар карданд.

Зимнан зикр гардид, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ду кишваре мебошанд, ки таърихан муҳимтарин пайвандҳои Роҳи бузурги абрешим мебошанд. Онҳо дар чорраҳаи роҳҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ воқеъ гардида, аз замонҳои қадим дар раванди ғанӣ гардондани маданияту тамаддунҳо мавқеи муҳимро ишғол кардаанд.

Ба роҳ мондани низоми бидуни раводид миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон як занҷири муассир эҷод хоҳад кард, ки на танҳо ба рушди гардишгарии ду кишвар, балки ба ҳамкориҳои минтақавии гардишгарӣ мусоидат мекунад. Рушди сайёҳӣ, бахусус, қабули сайёҳони хориҷӣ ба сатҳи равобити мутақобилан судманди ҷонибҳо таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин росто, роҳандозии ҳамкориҳои муассир миёни ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои ҳарду кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: