ҒАЛАБА МУБОРАК, ОЙЗИРА!

Дар ноҳияи Олтинсой мактаби рақами 53-юм яке аз мактабҳои намунавӣ ба шумор меравад.

Дар ноҳияи Олтинсой мактаби рақами 53-юм яке аз мактабҳои намунавӣ ба шумор меравад. Алалхусус, дар соҳаи варзиш пайваста ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад.
Инак, боз як нафар хонандаи синфи 9-уми мактаб ба дастоварди муҳим муваффақ гардид. Ойзира Ҷӯрақулова – ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии давидан дар масофаи 3000 метр дар Чемпионати мусобиқаҳои Осиёи Марказӣ, ки байни 5 давлат: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор шуд, ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм шуд. Мураббии ӯ – муаллими тарбияи ҷисмонӣ Фирӯз Саидаҳмадов муттасил ӯро тарбия намуда, боиси ба чунин комёбиҳо ноил гардидани шогирди худ шуд.
Баъди аз шаҳри Тошканд бо ғалаба баргаштани ӯ дар мактаб чорабинии хотирмоне баргузор шуд. Дар он фаъолони маҳалла, падару модарон ва ҷамоаи мактаб иштирок карда, суханҳои самимӣ гуфтанд ва духтаракро табрик намуда, дар оянда ғолиби чемпионатҳои ҷаҳон гардиданашро таманно намуданд.
– Камина дар чунин мусобиқаҳои бонуфуз бисёр иштирок кардаам, – мегӯяд бо фахр Ойзира Ҷӯрақулова, – ба комёбиҳо низ ноил шудаам. Лекин иштирок дар мусобиқаи мазкур, ки дар сатҳи як қитъа мегузашт, барои ман хурсандибахш аст. Вале бо ин қаноат намекунам. Марраҳои аз ин ҳам баландтарро фатҳ намуданиам, дар мусобиқаву олимпиадаҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, парчаму шарафи Ӯзбекистони азизамонро аз ин ҳам баландтар бардоштаниам. Барои муваффақиятҳоям аз устодонам Фирӯз Саидаҳмадов, Шӯҳрат Хӯҷамуродовҳо беҳад миннатдорам.

Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: