ҒАЛАБАИ ҒАЛЛАКОРОНИ ВИЛОЯТИ БУХОРО

Мегӯянд, ки омадани тобистон аз баҳораш маълум.

Агар нақшаи ҳосили аввалини сол – пилла иҷро шавад, ин барои барорнок омадани сол фоли нек аст. Маълум аст, ки имсол кирмакпарварони вилояти Бухоро дар  мамлакат аввалин шуда ба марраи мурод расида буданд. Ҳоло бошад, ғаллакорони ҳимматбаланди вилоятамон дар ҷумҳурӣ дар қатори аввалинҳо комёб гардиданд. 
Ислоҳоту ғамхориҳои сарвари давлат бобати рушди хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла низоми такмилёбии таъминоти хоҷагиҳои фермерӣ бо нуриҳои минералӣ, маводи сӯзишворию равғани молиданӣ ва дастгирии моддӣ дар ин бора нақши муҳим бозиданд. Ин пешбиниҳо имконият дод, ки нақшаи шартномавии солона дар давоми 18 рӯзи корӣ сарбаландона иҷро шавад. Дар давоми сол 2 ҳазору 932 хоҷагии фермерии вилоят дар 60 ҳазору 600 гектар майдон гандуми навъҳои «Старшина», «Алексеевич», «Гром», «Первитса», «Антонина», «Краснодар - 99», «Аср», «Васса» корида онҳоро мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ва таҷрибаи чандинсола парвариш карда ҳосили фаровон фароҳам оварданд. Дар вилоят ташкил ёфтани 13-то корхонаи кластерӣ, ба онҳо вобаста карда шудани 3,5 ҳазор гектар майдон, зиёд гардидани манфиатдории моддӣ, харид бо нархи бозор барин омилҳо боиси пешравии кор шуданд. Дар вилоят бо 202-то комбайни сермаҳсул отрядҳо созмон ёфта, бо онҳо беш аз 1000  автомобили боркашон, 32 таъмирхонаи сайёр, 43 воситаи таъмини сӯзишворӣ вобаста карда шуданд. Дар натиҷа то 20 июн дар пунктҳои қабул ба ҷойи 137 ҳазору 300 тонна қариб 145 ҳазор тонна гандум ворид гардид, ки ин баробари 106 фоизи нақшаи шартномавӣ аст. Ба ин комёбӣ саҳми деҳқонони ноҳияҳои Ромитан, Вобканд, Ғиждувон, Қаравулбозор, Қарокӯл ва Олот арзанда гардид. Ҳосилнокии майдонҳо дар хоҷагиҳои фермерии «Карим Рабби агро», «Мӯъминабону Аброр», «Замин», «Нурбек Азизбек Маҳмуд», «Саъдулло Сиддиқ замини», «Иброҳим Шамшод Зоҳид»-и ноҳияи Ромитан ба 80 сентнерӣ, дар хоҷагиҳои фермерии «Элач шабнами»,  «Авез Мирзо замини», «Сарвиноз Соҷида Нигина», «Нурулло Амон Амрулло»-и ноҳияи Вобканд 75-80  сентнерӣ, «Яшин», «Боғу Шабнам чорводор», «Аҳмад Олим пахтакор»-и ноҳияи Қарокӯл 75 сентнерӣ расид.
Пешбинӣ шудааст, ки аз ҳосили ғалла 1,4 триллион сӯм фоида ба даст медарояд. Ҳосили барои худи хоҷагиҳо гузошташуда баҳри фаровонии моддӣ ва нафъбинии кормандони он хидмат мекунад. Ҳоло фаъолияти роҳбарони отряд Зариф Арабов, Сироҷиддин Суннатов, Отабек Қодиров, операторони комбайн Ойбек Қӯшиев, Шамшод Сайфиев, Тӯлқин Тошев, Йӯлдош Исоев, Ҷалол Янгиев, Ёрқул Салимов ва дигаронро эътироф кардан мебояд. Онҳо рӯзе 100-120 тоннагӣ гандум ҷамъ оварда ба ғалабаи меҳнатӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳамоно дар саҳро ҳосил бисёр аст. Ғаллакорони диловар ният доранд, ки ҳосилнокии майдонҳоро ба 76,5 сентнерӣ ва истеҳсоли ғалларо ба 463 тонна расонанд. Дар заминҳои аз ҳосил холигашта кишти такрорӣ гузаронида шуда, онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба оилаҳои камдаромад ва ҷавонони бекормонда дода мешавад.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: