ҒАЛАБАИ БЕЧУНУЧАРО

Якшанбеи гузашта – 11 октябр интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он барои ин мақом намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ довталабӣ намуданд.

Якшанбеи гузашта – 11 октябр интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон  баргузор гардид ва дар он барои ин мақом намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ довталабӣ намуданд.
Тавре ки интизорӣ мерафт, номзади Ҳизби халқӣ-демократии ҷумҳурӣ, Президенти дарамал Эмомалӣ Раҳмон, ки инчунин аз номи Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи озоди Тоҷикистон пешниҳод гаштааст, бо бартарии калон – 90,92 фоизи овозҳо бори панҷум Президенти ҷумҳурӣ интихоб гардид. 
Дар Тоҷикистон аслан муддати президентӣ ҳафт сол ва ду давра мебошад. Пас аз ҳамапурсии соли 2016 ба поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон мақоми «Пешвои миллат» дода шуд ва ҳамзамон ҳуқуқи касб кардани роҳбарии мамлакатро бидуни маҳдудият то охири умр соҳиб гардид. 
То барқарор намудани мақоми президентӣ дар Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ вазифаи роҳбариро ба ӯҳда дошт ва аз соли 1992 президенти кунунӣ то соли 1994 дар ин вазифа буд ва баъдан институти президентӣ дубора ҷорӣ гардида, ба  ин вазифа дар интихоботи умумихалқӣ баргузида шуд.
Тавре ки раиси Комиссияи марказии интихобот ва референдуми Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода мегӯяд, дар интихоботи президентӣ 85,39 фоизи аҳолии соҳиби овози ҷумҳурӣ ширкат намуд. Бинобар маълумоти комиссияи мазкур, номзади дигар, ки аз лиҳози миқдори овозҳо ҷойи дуюмро ишғол намудааст, роҳбари Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода (3,3 фоиз) мебошад.
Аҳолии беш аз нӯҳмиллионаи Тоҷикистон хотима гузоштани ҷанги дохилӣ, пойдор намудани сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории якпорчагии мамлакату бунёдкориҳои даҳсолаҳои аввали асри XXI-ро маҳз хидмати Эмомалӣ Раҳмони 68-сола мешуморанд. Аз ин боис, рақобат намудани кадом яке аз номзадҳо бо ӯ амри  муҳол буд.
Дар интихобот 159 нафар нозири байналхалқӣ кор бурд ва то ҳанӯз ҳамаи онҳо бо як овоз аз шаффофӣ ва рӯшодии интихобот далолат менамоянд. 
Бо вуҷуди шароити мураккаби пандемияи ҷаҳон дар 29 кишвари хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон интихобот ташкил карда шуд. Ӯзбекистон аз ҷумлаи он мамлакатҳо буд, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд барои шаҳрвандони кишвари ҳамсояву дӯст шароити созгор барои иҷрои ҳуқуқи шаҳрвандӣ фароҳам овард.
– 1100 нафар шаҳрвандонамон, ки аз ҳуқуқи худ истифода намуда, овоз доданд, фикр мекунам аз фаъол буданашон дар ҳаёти сиёсии кишвар далолат аст, – мегӯяд сафири Тоҷикистон Содиқ Имомӣ. – Мо интихоботро дар Тошканд бо назардошти тамоми низом ва қоидаҳои шароити ҷории Ӯзбекистон бо далели тақозоҳои санитариву эпидемиологӣ роҳандозӣ кардем. 
Бояд зикр кард, ки бо ба инобат гирифтани шароит дар сафорат овоздиҳии пешакӣ низ ба роҳ андохта шуда буд.
– Азбаски ба ояндаи миллату кишварам бетафовут нестам,  аҳд кардам, ки имрӯз дар интихобот овозам аз шумор берун намонад ва бо ин далел ман ҳоло овоз додам, – мегӯяд яке аз соҳибони овоз Арслон Ҳозаршоҳзода, ки ба сӯҳбат ҷалб намудем.
Шоистаи зикр аст, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз аввалинҳо Президенти интихобшудаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ғалабаи боваринокаш табрик намуд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: