ҒАЛАБАИ БУЗУРГИ ҒАЛЛАКОРОНИ САМАРҚАНД

Имсол деҳқонони вилояти Самарқанд ба 94 ҳазору 130 гектар замин ғаллакорӣ карда, комёбиҳои назаррасро ба даст оварданд.

Ба ивази меҳнати фидокорона ба хирман 684 ҳазор тонна дон супорида, ӯҳдадории хешро дар назди давлат сарбаландона иҷро кардаанд.
– Ба як гектар майдон  250 килограмм  тухмӣ пошида, дар натиҷаи амалиёти агротехникаи парвариши ғаллакорӣ нишондод ба ҳисоби як гектар  шаш тоннаро ташкил кард, – гуфт сардори садорати хоҷагии қишлоқи вилоят Содиқҷон Ҳакимов, – агар дигар хел шарҳ диҳем, ҳосилнокии замин дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чор маротиба афзуд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки 4 ҳазору 650 хоҷагии фермерии вилояти Самарқанд аз 50 сентнер зиёд ҳосил гирифта исбот кардаанд, ки дар ин бора таҷрибаи зиёде доранд.
Ман мехоҳам рақамҳои аҷибе оварам, ки аз қариб 20 сотих замин  ду тонна гандум рӯёнида аз як тонна дон  750 килограмм орди навъи аъло истеҳсол карда мешавад, ки 1162 нони қолабӣ ва 1500 нони осиё пухтан мумкин аст. Лекин орди гандум ҳар куҷо пазандааш ҷо-ҷо.
Таърих гувоҳ аст ки нонпазӣ беш аз 10 ҳазор сол пеш оғоз шуда, дар Самарқанд мактаби махсуси нонвойҳо арзи вуҷуд дорад. Масалан доир ба нони осиёи Самарқанд бисёр ривоят мекунанд.
Бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон ба тарзи кластерӣ гузаронидани хоҷагии қишлоқ диққати махсус дода мешавад. Ҳоло дар вилояти Самарқанд дар 14 ноҳия ғаллакорӣ амал мекунад. Бо тавсияи мутахассисон ва олимон навъи «Туркистон», «Краснодар-99», «Жасмина»  ва ғайра парвариш карда мешавад, ки ба иқлим мутобиқат дорад.
Имрӯзҳо дар  замини аз ғалла озод шуда кишти такрорӣ оғоз ёфт.
Деҳқонон,  аз ҷумла, картошка, сабзӣ, ҷуворимакка, шалғам ва дигар намуди кишоварзиро кишт мекунанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: