ҒАЛАБАИ МЕҲНАТИИ КИРМАКПАРВАРОНИ ВИЛОЯТИ БУХОРО

Ислоҳ гардидани соҳаи кирмакпарварӣ, бо ташаббуси сарвари давлат фароҳам оварда шудани имкониятҳои қулай ба кирмакпарварон, ҳавасмандгардонии табъи дили кормандони соҳа барин омилҳо имконият дод, ки баҳори соли гузашта кирмакпарварони вилоят аз 42036 қуттӣ 2 ҳазору 400 тонна пилла истеҳсол намоянд.

Ин комёбӣ дар миқёси мамлакат натиҷаи хурсандибахш гардида буд. Самараи дилхоҳонаи меҳнатӣ, пешакӣ додани музди меҳнат, ҳамчун собиқаи меҳнатии яксола эътироф карда шудани хидматҳои якмоҳаи кирмакпарварон, имтиёзҳои андоз, барои ҳар як килограмм ҳосили берун аз нақша супоридашуда ду баробар пардохта шудани музди меҳнат барин ғамхориҳо нисбати заҳматкашони соҳа онҳоро хеле рӯҳбаланд намуд. Имсол дар 122 инкубатсияи ноҳияҳо 44 ҳазору 189 қуттӣ тухмии кирмак тайёр карда шуда, он ба бештар аз 1900 хоҷагии фермерӣ ё ки қариб 40 ҳазор нафар звенои оилавӣ тақсим гардид. Пешбинӣ гардид, ки соли ҷорӣ хирмани пиллаи вилоят ба 2 ҳазору 520 тонна расонда шавад. Баъди чорабиниҳои зарурӣ ва меҳнати фидокоронаи кирмакпарварон ниҳоят натиҷаи дилхоҳ дастрас гардид: 2 ҳазору 532 тонна пиллаи вилоят тайёр шуд.
Ба ин комёбӣ ноҳияҳои Ромитан (210 тонна), Вобканд (287 тонна), Шофиркон (201 тонна), Қарокӯл (274 тонна), Олот (201 тонна), Пешкӯ (159 тонна), Ҷондор (350 тонна), Бухоро (208 тонна), Когон (155 тонна) саҳми арзанда гузоштанд.
Бобати дастгирии моддӣ – ба андозаи 22 миллиарду 94 миллион сӯм додани музди пешакӣ шуъбаҳои вилоятии бонкҳои «Микрокредитбонк», «Қишлоққурилишбонк», «Капиталбонк», «Агробонк» ҳимматбаландӣ зоҳир карданд.
Дар вилоят зиёд карда шудани ниҳолҳои тут имконият медиҳад, ки моҳҳои минбаъда – август, сентябр низ мавсими кирмакпарварӣ давом кунад ва то охири сол хирмани ашёи хоми гаронбаҳо ба 3 ҳазор тонна расонда шавад.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: