ҒАЛЛАКОРОНИ БЕШАРИҚ МАРРАРО ФАТҲ НАМУДАНД

Кишоварзони ноҳияи Бешариқ яке аз аввалинҳо дар вилояти Фарғона ба фатҳи марраи ғалласупорӣ имзо гузоштанд.

Кишоварзони ноҳияи Бешариқ яке аз аввалинҳо дар вилояти Фарғона ба фатҳи марраи ғалласупорӣ имзо гузоштанд. Онҳо супоришоти ба давлат фурӯхтани ғалларо сарбаландона иҷро карданд.
– Ба туфайли ислоҳоти амиқи соҳаи аграрӣ натиҷаҳои кишоварзони ноҳияи мо низ сол аз сол афзоиш меёбад. Имсол деҳқонони мо дар майдони 9 ҳазору 45 гектар тухми ғалла коштанд ва ба ҷойи 21 ҳазору 98 тонна ба хирмани Ватан беш аз 22 ҳазору 400 тонна ғаллаи хушсифат рехтанд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Расулҷон Ҷӯраев.
Соли равон 189 хоҷагии фермерӣ, 3 кластери ғалла ва кооператсия аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 60 сентнерӣ ҳосили ғалла ба даст оварданд. Дар баъзе хоҷагиҳои фермерӣ натиҷаи ҳосил то 85-90 сентнерӣ расид. 
Кластерҳои ғаллаи  “Ояндаи Қосимбой”, “Турдиев Ҳамзалӣ Турдиевич” ва хоҷагиҳои фермерии “Ғафурҷон Набиев”, “Толибҷон Маҳмудов”, “Фарҳод Худойбердиев”, “Абдурашид Умаров”, “Инъомҷон Абдумаликов” аз зумраи пешқадамон ба шумор мераванд. 
Ногуфта намонад, ки дарави ғалла дар саҳроҳои ноҳияи Бешариқ ҳанӯз идома дорад.

Отабек АЛИМАТОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: