ҒАМХОРИҲО БА ДОНИШҶӮЁН

Дар Ӯзбекистон оид ба соҳаи таълим дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад.

Бо ташаббуси Президент  Шавкат Мирзиёев таҳсили донишҷӯёне, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон таълим мегиранд, бо хоҳиши онҳо  ба Ӯзбекистон кӯчонда мешаванд.

Маълум, ки шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш сол то сол бо суръати баланд меафзояд. Хабари хуши кӯчондани таҳсили донишҷӯён аз давлатҳои ҳамсоя дар сартосари ҷумҳурӣ паҳн гардид. Бешак, ин нишонаи олии ғамхории Президент ва ҳукумат буда, ифодаи амалии ислоҳоти амиқест дар соҳаи таълими Ӯзбекистон. Мақсад аз ин баргардонидан боз ҳам хуб намудани сифати таълим дар Ӯзбекистон, пурратар қонеъ гардонидани талаботи ҷавонон дар равиши омӯзиши илму маърифат ва осон намудани мушкилоти донишомӯзоне, ки дар хориҷ таҳсил мегиранд.
7 феврал саҳни ректорати Донишгоҳи давлатии Тирмиз аллакай пур аз одам буд. Аз чеҳраҳои ҳамагон аён буд, ки ин хабар беҳад онҳоро шод гардонидааст. Ҳисси шукргузорӣ дар қалби ҳама гӯё баробар мавҷ мезад. Комиссияи қабул ҳаматарафа омодаи аризақабулкунӣ буд. Шароит –  пурра муҳайё. Дар се хона қариб 40 компутер бо масъулини комиссия дар хизмати донишҷӯён буд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ низ бомаром пеш мерафт. Дар рӯзи нахуст намояндагони Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати ҳифзи тандурустӣ барои назорати фаъолияти комиссия ва маслиҳату тавсия аллакай омода буданд. Барои амиқтар маълумот пайдо кардан бо чанд суол ба онҳо муроҷиат кардем.
– Дар ҷумҳуриамон ду-се соли охир дар соҳаи таълим дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад, – гуфт раиси комиссияи қабул, проректори донишгоҳ оид ба корҳои таълим Ӯрал Аҳмедов. – Аз тарафи Президент соли 2020 – Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ номгузорӣ шуд. Инчунин қароре, ки ҳоло аз тарафи вазоратҳо қабул гардидааст, давоми мантиқии ин ислоҳот мебошад. Эҳтимол меравад, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ба донишгоҳи мо аз ҳама зиёдтар муроҷиати донишҷӯён ба қайд гирифта шавад. Зеро аз маълумотҳои оморӣ аён аст, ки ҳар сол ҷавонони ташнаи илм дар вилояти Сурхондарё аз ҳама зиёд ба Донишгоҳи давлатии Тирмиз ҳуҷҷат месупоранд ва табиист, ки рақобат ҳам баланд аст. Аз ин рӯ, тайи ду соли охир бисёр довталабон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, ба донишгоҳҳои он низ қабул гардиданд ва ҳоло туфайли ғамхориҳои Президент ва ҳукумат баргашта истодаанд ва мо баҳри қабули онҳо ҳамаҷониба омодаем.
Тибқи маълумоти дастрас дар масъалаи қабул кардани аризаҳо, баргардонидани донишҷӯён ё худ пардохтани қарордодҳо ҳеҷ гуна муаммое намешавад. Пеш аз ҳама, ҳамагон бояд донанд, ки ба порагирӣ роҳ дода намешавад. Донишҷӯён бе ҳеҷ маҳдудият новобаста ба миқдорашон, бидуни имтиҳонот қабул карда мешаванд. Агар муассисаҳои таълимие, ки онҳо таҳсил мегиранд, ғайридавлатӣ бошанд ҳам, баргардондани онҳо таъмин карда мешавад. Шакли таълим хоҳ рӯзона, хоҳ шабона ва хоҳ ғойибона бошад, аризаи донишҷӯён қабул карда мешавад. Дар факултаҳое, ки алҳол шуъбаи ғойибона надоранд, агар донишҷӯён бисёр муроҷиат кунанд, талаби онҳо қонеъ гардонида мешавад, яъне гурӯҳҳои ғойибона ё худ шабонаи нав дар кадом зинаи таълим (курс) қарор дошта бошанд, ташкил карда мешавад. Дар ҳамин раванд, албатта, дар қадами аввал муаммоҳо низ пайдо шуданаш мумкин. Масалан, базаи моддию техникии донишгоҳ, бино, нарасидани мутахассисон ва ғайра. Вале ин муаммоҳо низ муттасил бартараф хоҳанд шуд. Донишҷӯён 50 фоизи маблағи қарордодро барои таҳсилашон дар хориҷ пардохт карда бошанд, табиист, ки 50 фоизи боқимондаро дар донишгоҳи қабулгардида пардохт менамоянд.
Чуноне ки таъкид мегардад, айни замон аризаи 1876 нафар донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз қабул карда шудааст ва рӯз то рӯз миқдори муроҷиаткунандагон бо суръат зиёд мегардад. Ҳоло аксарияташон аз донишҷӯёни тоҷикистонӣ мебошанд. Ҳоло 305 нафар донишҷӯён ба филиали Донишкадаи тиббӣ қабул карда шуданд. Ин нишондодҳо собит менамояд, ки дарҳақиқат, донишҷӯён аз ин қарордод беҳад шоду мамнунанд. Муроҷиати донишҷӯён ва падару модарони онҳоро ба инобат гирифта, муҳлати қабули аризаҳо, ки то 15 феврал буд, то 15 март дароз карда шуд, ки ин ҳам як имконият.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: