ҒАМХОРӢ БА БАЧАҲО – ҒАМХОРӢ БА ОЯНДА

Ҳамаи мо даври бачагии худро хуб дар хотир дорем.

Бо фарорасии таътили тобистона бачаҳо хушҳолтар мешаванд. Ва ин он айёми беғамии моро бори дигар ба ёд меорад. 
Дар рӯзи аввали фасли пурофтоб Рӯзи байналхалқии ҳифзи бачагон ҷашн гирифта мешавад.
Имсол низ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бачагон чорабиниҳои зиёд андешида шуданд. Дар арафаи иди бачаҳо лоиҳаи «Бачаи хушбахт» коркард шуд, ки ҳоло дар ҳамаи мавзеъҳои кишварамон татбиқ мегардад.
– Дар доираи лоиҳа конфронси бачаҳо – «Экология ва ман», намоиши санъати амалӣ ва тасвирии бачагон, ҷашнвораҳои «Бозичаҳои миллӣ», «Арзиш, урфу одат, анъана ва бачаҳо», спартакиадаи «Авлоди солим», баромади ҷамоаи театрҳои бачагона, озмуни «Китобхони зукко» ва гала-консертҳо баргузор мегарданд, – гуфт сармутахассиси Созмони бачаҳои ҷумҳурӣ «Камалак» Суҳроб Ҷӯраев. – Дар чорабиниҳое, ки дар маркази шаҳру ноҳия, сайргоҳу истироҳатгоҳҳо баргузор мешавад, иштироки зиёда аз 970 ҳазор нафар бачаҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 2483 нафар тарбиягирандагони 22 хонаи меҳрубонии ҷумҳурӣ низ иштирок мекунанд, ки ба онҳо туҳфаи махсуси Созмони бачаҳои ҷумҳурӣ «Камалак» супурда мешавад.  
Ғолибони озмуни зеҳнии «Хонандаи зукко» бо роҳхати ройгон ба истироҳатгоҳҳои тобистона сарфароз гардонда мешаванд.
Фарзандони оилаҳои камтаъмин низ аз эътибор дур намондаанд, ба 2,6 ҳазор нафари онҳо  анҷомҳои хониш ва ба 46 нафар бачаҳои имконияташон маҳдуд аробачаи ногироён ва таҷҳизоти шунавоӣ супурда мешавад.
Дар озмуни расмкашӣ дар асфалт ба мавзӯъҳои Ватан, дӯстӣ ва бачаи хушбахт иштироки зиёда аз 70 ҳазор нафар кӯдак пешбинӣ шудааст, ки ғолибони он тақдиронида мешаванд. 
Имсол Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон низ ба хурдтаракон туҳфа месупорад. Ба 49 нафар хонандагоне, ки аз мактаб дур истиқомат мекунанд, велосипед ва ба ғолибони спартакиадаи байни маҳаллаҳо таҷҳизоти варзишӣ туҳфа карда мешавад.
Албатта, ҳар як бача бояд таҳти назорати доимӣ ва ғамхории волидон қарор гирифта бошад. Бачаҳое, ки дар оғӯши падару модар ба воя расидаанд, бо рафтори хуб ба атрофиён намунаи ибрат шуда метавонанд.
Ҳоло ҷомеашиносон натиҷа гирифтаанд, ки аксарияти ҷинояткорон фарзанди оила ва муҳити носолиманд.
Дар ҳадиси шариф омадааст, ки «Волидон ба фарзандон ба ҷуз тарбияи хуб ба мерос чизе намегузоранд». Аз ин рӯ, дар тарбияи онҳо вақтамонро дареғ надорем. 

Ориф ҶУМЪАЕВ,
шаҳри Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: