ҒАМХОРӢ БА МАРКАЗҲОИ МИЛЛИВУ ФАРҲАНГӢ

Дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 100 миллату қавмияти гуногун ба сар мебаранд.

 Барои ҳифз ва рушди забон, фарҳангу адабиёти онҳо дар Сарқонун имконият ва шароит фароҳам оварда мешавад. Ин ақаллиятҳои миллӣ ҳам баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳо саҳми муносиб мегузоранд.

Дар ҳокимияти вилояти Ҷиззах дар мавзӯи «Корҳое, ки барои ҳамҷиҳатии байналмиллӣ ва кушодадилии динӣ ба сомон мерасанд», конфронси матбуотӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ муовини ҳокими вилоят оид ба корҳои динӣ ва ташкилотҳои ҷамоатӣ Латифҷон Аҳмадҷонов иштирок кард.
Ӯ таъкид кард, ки 28 январи соли 2022 Фармони Президент «Дар бораи Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудааст» ба имзо расид. 
Мавсуф доир ба Барномаи давлатии Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол таваққуф намуд. Банди 74-уми он бевосита ба масъалаҳои ҳамдилии байни миллатҳо ва кушодадилии динӣ, 84-ум бошад, механизми самарабахши мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм иртибот дорад.
Ҳоло дар қаламрави вилоят ҳашт ибодатгоҳи ғайриисломӣ ва 171 масҷиди ҷомеи исломӣ фаъолият мебаранд, ки дар он намояндагони ин ё он дин бемамониат тоату ибодатро ба ҷо меоранд. Дар вилоят шаш маркази миллӣ-фарҳангӣ амал менамояд, ки барои онҳо дар хиёбони «Хотира»-и шаҳри Ҷиззах «Хонаи дӯстӣ» ифтитоҳ ёфтааст. Барои беҳ гардондани шароити моддӣ-техникии ин марказҳо ҳокимияти вилоят пайваста чораҳо меандешад. Ба ҳисобсурати ин марказҳо маблағ ирсол менамояд ва барои хидмат як автомошини «Damas» ҷудо карда шудааст, – иброз дошт муовини ҳоким. – Ба ғайр аз ин барои идома додани анъана ва маросимҳои нодири  миллатҳои гуногун бо ибтикори якчанд муассиса намоиши ҳунар, урфу одат, арзишҳои миллӣ, вохӯрӣ бо шоиру нависандагон созмон дода мешавад. Аксари ин чорабиниву маҳфилҳои фарҳангӣ таҳти шиори «Мо халқи ягонаем, ки дар як кишвар ба сар мебарем!» баргузор мегарданд. Марказҳои миллӣ-фарҳангӣ баҳри ин ё он лоиҳаи худро ба амал татбиқ сохтан аз кумаки маблағи молиявии Фонди назди Олий Маҷлис истифода мебаранд.
Дар анҷоми конфронс саволу ҷавоби рӯзноманигорон бо масъулон дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи судманд миёни вилояту дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба амал омад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: