ҒАМХОРӢ БА НАФАҚАХӮРОН

Камина соли 1972 баъди хатми факултаи сохтмони Донишкадаи политехникии Тошканд, фаъолияти меҳнатиамро дар колоннаи сайёри механиконидашудаи байнихоҷагии рақамии 6-уми ноҳияи Чуст шурӯъ кардам.

 Ҳамчун сардори бригада ва сардори қитъа дар якчанд сохтмони бошишгоҳҳои саҳроӣ, сохтмонҳои биноҳои маданӣ-маишӣ, мактабҳои таълими умумӣ, муассисаҳои томактабӣ иштирок намудам.
Солҳои истиқлол сарварии корхонаи хусусии «Ҷаҳонгир»-ро ба ӯҳда гирифтам. Вақте бо бинокорони гулдасти корхонаамон хонаҳои намунавии ҳозиразамонро сохта ба соҳибонашон месупорем, шарики хурсандии онҳо мешавем, ки ин бароямон ҳузур мебахшад.
Соли  ҷорӣ аз тарафи бинокорони корхонаамон 16 хонаи намунавии 4-ҳуҷрагӣ, 2-то хонаву ҷой барои нозирони профилактика, муассисаи таълими томактабии рақами 8-ум аз нав қад рост намуд. Ҷамь 6 миллиарду 300 миллион сӯмина корҳои сохтмону монтажро ба амал баровардем. Солҳои гузашта ба якчанд нафар шогирдон сирру асрори касби бинокориро омӯзонидам. Имрӯзҳо Муродҷон Эшонҷонов, Илҳомҷон Бобоев, Фарҳодҷон Назаров барин шогирдонам худашон мустақил дар сохтмони иншоотҳои гуногун иштирок менамоянд.
Соли 2010 ба нафақа баромадам. Вале касбамро дӯст медорам. Ҳаётамро бе сохтмон тасаввур карда наметавонам. Барои ҳамин ҳам фаъолияти ҳозираи меҳнатиамро давом медиҳам. Кош ҷавон мебудам, дар сохтмони иншоотҳои калони пойтахт меҳнат мекардам. 
Дар маърузаи Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ оиди комёбиҳои кишварамон сухан рафта, аз оғози соли 2019 миқдори ҳадди пардохти нафақа аз 8 то 10, ҳадди ақалли музди меҳнат афзуда, барои нафақагирони соҳиби кор дар ҳаҷми пурра пардохтан зикр гардид.
Фармони Президент аз 12 декабри соли 2018 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ оид ба зиёдтар намудани самаранокии низоми таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва пурқувват намудани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон» аллакай баҳри амалӣ гардидани чорабинӣ аз аввали соли нави 2019 имконият фароҳам овард.
Ин ғамхорӣ барои ман барин нафақагироне, ки ҳоло кор мекунанд, боз як имконият буда, бароямон қувваи дучанд мебахшад, ки фаъолияти меҳнатии худро сарбаландона идома диҳем.

Муҳсинҷон БОБОЕВ,
сардори корхонаи хусусии «Ҷаҳонгир»-и ноҳияи Чуст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: