Алоқамандони адабиёти беш аз ҳазорсолаи форс-тоҷик ба пешвози 700-умин солгарди зодрӯзи яке аз ғазалсароёни классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ омодагӣ мегиранд.
Дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ба ин муносибат чорабиниҳои адабию фарҳангӣ, шоми ғазали Камоли Хуҷандӣ ва дигар гирдиҳамоиҳо баргузор мешаванд. Мо ҳам иқдом гирифтем, ки ба ин ҷашни саид ҳиссагузор бошем.
Дар манбаъҳо соли таваллуди шоирро 1318-1321 милодӣ нишон додаанд, ки тахминист. Камоли Хуҷандӣ дар таърихи адабиёти тоҷик бо каломи ширину лутфи латиф ва суханҳои ҳикматноки худ дар қатори даҳоёни адабиёти мумтози тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ қарор гирифта, барои ривоҷу равнақи ғазали тоҷик саҳм гузоштааст.
Шоир дар ташаккул ва инкишофи эҷоди бадеии халқҳои мамолики араб, Эрон, Қафқоз, алалхусус Шарқи Наздик саҳмгузор мебошад.
Мавзӯъ ва муҳтавои ғазалиёти шоирро ишқи ирфонӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, ҳасбиҳолӣ ташкил медиҳад.
Ғазалиёти шоир самимӣ буда, дар он мавзӯи ишқ ҷойгоҳи худро дорад. Ишқу муҳаббат дар эҷодиёти шоир мафҳуми васеъ дошта, олами ботинӣ ва рӯҳияти шоирро акс менамояд. Камоли Хуҷандӣ шоири ишқсаро мебошад. Шоир тамоми орзуву ормонҳои худро бо забони ишқ баён намудааст.
Камолро ба боғбони гулшани ишқ монанд кардан мумкин аст, ки ҳар як гули гулшан агар рангу бӯйи хосса дошта бошад, ҳар як байти ғазалҳои шоир ҳам бо мазмун ва мундариҷаи худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва баёнгари маъноҳои тозаанд.
Ғами ишқат дили моро ҳамеша шод медорад,
Чунин мулки хароберо ба гул обод медорад.
Шоир таъкид дорад, ки агар дидани гул, дил ва рӯҳияти одамонро шод намояд, ғами ишқ ҳам мисли гул дилҳои ноободро обод менамояд. Шоир дар ҷойи дигар фармудааст:
Аз ҷоми ишқ ҳам расадат қатрае, Камол,
К-аз ҷуръа хокро ҳама вақте насиб аст.
Ин ҷо майи ишқ (ҷом) муҳаббати илоҳист, ки қатрае аз он ба хок (Камол) насиб гаштааст.
Маълуми ҳамагон, ки нисфи умри шоир дар ғарибӣ, саргардониву оворагӣ, дар парешонҳоливу дармондагӣ ва сахтӣ гузаштааст, ки дар яке аз ғазалҳои машҳури худ “Ғарибӣ...” ба қалам додааст. Агарчанде чунин мушкилиҳои сахтро аз сар гузаронидааст, ба ягон зимомдори замон сар хам накардааст, озодиро аз ҳама моли дунё боло гузошта фармудааст:
Дасти султонон намебӯсад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.
Мо имрӯз шоир ва даврони ӯро ба ёд оварда, замонашро бо замони худ қиёс мекунем ва шукрона мегӯем, ки дар чунин замони серу пур зиндагӣ дорем.
Лола ИСОМИДДИНОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти мактаби таълими ҳамагонии рақами 10-уми шаҳри Ангрен.