ҒАРОИБТАРИН ҲАДЯҲОИ ПЕШВОЁН

Туҳфа кардан ва қабул намудани он, тавре ки дар ҳаёти мардуми оддӣ расми муқаррарӣ аст, барои роҳбарони давлатҳо низ аз оддитарин илтифот ба шумор меравад.

Эҳтимол тафовут фақат дар он бошад, ки онҳо аксаран ба ин масъала эҷодкорона муносибат мекунанд ва аз ин рӯ ағлаби туҳфаҳо «маънидорона» менамоянд.
Собиқ президенти Молдавия Владимир Воронин ҷондори аҷиберо ба роҳбари Русия ҳадя намуда, онро чунин маънидод кардааст, ки чун Владимир Путин ҳамеша дар корҳои давлат фақат ба пеш ҳаракат мекунад, ӯ ҳадя намудани тимсоҳро мувофиқи матлаб донистааст.
Дар ҳар сурат, ҳадя намудани ҷонзод дар байни сарони давлатҳо анъанаи ба худ хос мебошад.
Ҳанӯз соли 1964 роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушёв ба сарвазири Норвегия Эйнар Герхардсен тосмоҳӣ туҳфа карда буд, ки он баъдан ба боғи ҳайвоноти Берген супурда шуда, то соли 1998 дар ин ҷо зиндагӣ карда, на фақат дарозумртарин тосмоҳӣ, балки машҳуртарин низ гаштааст.
Ҳаводорони ашаддии армуғони зинда роҳбарони Чин мебошанд. Аз солҳои 70-уми асри гузашта фақат пандаро чун рамзи мамлакат ҳадя кардан ба урфи сарони Чин мубаддал гаштааст.
Баъзан пешвоёни давлатҳо аз пайи ҳадяи ғароиб худ ва ҳамтояшонро дар ҳолати ногувор мегузоранд. Барои мисол, туҳфае, ки сарвазири Австралия хонум Ҷулия Гиллард ба собиқ роҳбари ИМА Барак Обама омода кардааст, суғурта аз ...  тимсоҳ буд.
Дар назар дошта мешуд, ки агар хазандаҳои гуруснаи хатарнок яке президенти амрикоиро фурӯ баранд, оилааш ба миқдори 50 ҳазор доллар маблағи суғурта бояд мегирифт.
Ҳангоми аввалин сафари хонум Ангела Меркел – роҳбари ҳукумати Олмон соли 2006 ба Маскав президенти Русия В.Путин ба вай лухтаки пашмини сагро ҳадя карда буд. Азбаски Меркелро соли 1995 ҳангоми сайр дар велосипед саги дайду газида буд, ӯ аз ин ҷондор хеле ҳарос дошт. Аз ин рӯ, дарк кардан мушкил нест, ки хонум Меркел аз армуғони роҳбари Русия то чӣ андоза «мамнун» буд, – менависад ҳафтаномаи «Мир новостей»-и Русия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: