ҒАВВОСИ ДАРЁИ ИЛМ

Педагоги шинохта, шарқшинос, тарҷумон, доктори илмҳои филологӣ Ҳамидҷон Ҳомидӣ 60 сол аст, ки бо таълифу эҷод сарукор дорад.

Педагоги шинохта, шарқшинос, тарҷумон, доктори илмҳои филологӣ Ҳамидҷон Ҳомидӣ 60 сол аст, ки бо таълифу эҷод сарукор дорад. Бисоти маънавии ӯро рисолаву монографияҳое, ки аз забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, русӣ, ӯйғурӣ тарҷума шудаанд, китобу дастуруламалҳои дарсӣ ва тадқиқотҳо ташкил медиҳанд. Олим по ба зинаи 85-уми умр ниҳод. Чанде пеш  бо ӯ суҳбате доштам. Инак, фишурдаи он.

— Устод, Шумо дар илм роҳи адабиётшиносиро интихоб намудаед. Ин тасодуфист ё аз эҳтиёҷи маънавиатон маншаъ мегирад?
— Падари заминдорам  Абдуҳомид Холиқзода аз он, ки соҳиби корхона буд, соли 1939 қулоқ шудааст. Баъди мусодира кардан молу мулки ӯ дар савдои музояда фурӯхта шудааст. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, вақте қаҳтию вабо ба дари мардум ангушт мезад, бародари хурдиам Маҳмудҷон, бародари калонӣ Аҳмадҷон ва модари мушфиқам Роҳатой вафот карданд. Ман дар дасти тағоиям Раҳмонбердӣ мондам. Тағоиям инсони ҳунарманду бомаърифат буд. Ҳар моҳ дар болохонаи даромадгоҳаш шеърхонӣ ва суҳбати аҳли зиё ба вуқӯъ мепайваст. Гоҳо бахшиён то субҳ достонҳои «Гӯрӯғлӣ»-ю «Алпомиш»-ро мехонданд. Ин муҳит ва бештар шеър аз ёд кунонидани омӯзгори адабиётамон Маҷид Холидов дар дилам мӯҳри меҳри адабиётро пахш кардааст. Баъди хатми мактаби миёна ду сол ҳуруфчини нашриёт ва котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии Косонсой – «Сталинчӣ» будам. Сипас дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Низомии Тошканд таҳсил кардам.
— Чаро фаъолияти илмиатон ба тадқиқи «Фирдавсӣ ва адабиёти ӯзбек» ихтисосонида шудааст?
— Соли 1963 дар аспирантура роҳбари илмии инҷониб, арбоби фан Натан Маллаев бо назардошти он, ки ба адабиёти Шарқ ҳусни таваҷҷӯҳ доштам, хатмкардаи мактаби тоҷикӣ будам ва матнҳои ҳуруфи арабиро хонда метавонистам, мавзӯеро таҳти номи «Дар хусуси як тарҷумаи ӯзбекии «Шоҳнома» пешниҳод намуд. Вақте бо хазинаи дастхатҳои Тошканд, Душанбе ва Ленинград ошно шудам, дидам, ки дар ин хазинаҳо чаҳор тарҷумаи туркии «Шоҳнома», асарҳои дар асоси достонҳои Фирдавсӣ бо забони ӯзбекӣ таълифнамудаи «Қиссаи Самироншоҳ», «Доробнома», «Барзунома», «Қиссаи Дороби Зарринкамар», «Қиссаи Сиёвуш» ва ду драма вуҷуд доранд. Натиҷа гирифтам, ки ин мавзӯъ ба як умр мерасад. Ҳоло шогирдон низ баъзе ҷиҳатҳои ин мавзӯъро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
— Саҳифаҳои муайяни эҷодиётатонро авастошиносӣ ташкил медиҳад. Ин мавзӯъ низ оё бо «Шоҳнома» иртибот дорад?
— Шурӯъ аз соли 1974 дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон нусхаҳои ба алифбои кириллӣ табдилии «Авасто» эълон гардиданд, бо онҳо ошноӣ пайдо кардам. Дертар сафари Эрон пеш омад. Китоби дуҷилдаи «Авасто» ва чаҳорҷилдаи «Фарҳанги «Авасто»-ро ба даст даровардам. Вақте манбаъҳоро бодиққат хондам, дидам, ки он ҷо дар бораи таърих ва адабиёти туркии ӯзбекӣ низ маълумоти фаровон ҳаст...
— Бо шарофати истиқлолият, дар баробари эҳё гардидани арзишҳои миллӣ, ба тадқиқи тасаввуф низ имконият фароҳам омад. Наҷмиддин Комилов, Иброҳим Ҳаққул, Сайфиддин Сайфуллоҳ, Султонмурод Олим ва дигарон ба рушди ин бахш саҳми назаррас гузоштанд. Китоби Шумо «Алломаҳои тасаввуф» се маротиба аз нав нашр шуд. Сабаби ба ин соҳа рӯ овардани «Шоҳнома»-шинос чӣ буд?
— Бо сабабе камина бо китоби «Тазкират-ул-авлиёи туркӣ» ошноӣ пайдо кардам. Дар ин китоб ривоят, ҳикоят ва ҳикматҳои қариб сад машоихи Шарқ ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин фосила аз Эрон китобҳое овардам, ки дар онҳо истилоҳоти ирфонӣ тафсир шудаанд. Ҳамчунин бо рисолаи Пири Ҳирот — Абудуллоҳи Ансорӣ шинос шудам. Ин буд, ки доир ба ҳаёт ва мавқеи тасаввуфии қариб сад машоих тасаввурот ҳосил намудам. Китоби «Алломаҳои тасаввуф» маҳсули ин ҷустуҷӯ, дарёфт ва омӯзишҳост. Ба ҷуз ин, китобҳоям «Таърихи Косонсой», «Адибони Намангон» ва «Дилбандҳои Низомӣ» (иборат аз ду ҷилд) рӯйи чопро диданд.
— Сухане чанд дар бораи шогирдони худ мегуфтед.
— Шогирдонам ҳама дар ҷодаи илм такопӯ доранд. Дар байни онҳо фарзандони тоҷик, қирғиз, қароқалпоқ ва ӯзбек ҳастанд. Аз он ифтихор дорам, ки шогирдонам меҳнатдӯст ва фидоии касбу кори худанд. Онҳо ба самтҳои матну манбаъшиносӣ, робитаҳои адабӣ, навоишиносӣ ба қадри тавону салиқа саҳм мегузоранд. Ман фарзанди тоҷик ҳастам. Олиме ҳастам ба назари алломаҳои муосири ӯзбек афтода. Ин мояи ифтихори ман аст. 
—Устод, тандурустиву эҷод Шуморо ҳеҷ гоҳ тарк нагӯяд. Дар роҳи бо ҷавонон баҳам дидани таҷрибаи андӯхтаатон хастагиро ҳис накунед.
— Сипосгузорам.

Суҳбаторо 
Озода ТОҶИБОЕВА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: