Ғазал

Аз партави хуршед сабзида гияҳҳо дар Замин,

Бишкуфта дар гулшан гули садбаргу савсан, ёсамин.
Аз абри найсон оби раҳмат залла бандад аз само,
Бингар дамида майсаҳо мазраъзамин шуд махмалин.
Омад баҳору дар гулистон ғунчаи гул ханда зад,
Наврӯзи фаррух чун арӯсони чаман шуд нозанин.
Ин абри пурбар зар бирезад ҳар замон бар киштаҳо,
То зам шавад бар хони мо нуқлу наво, нони самин.
Чун сурма бар чашмон кашад зебо шавад ӯ ончунон,
Хубони Яғмо лаб газанд аз ҳусни он заҳроҷабин.
Ё раб, чӣ кардам ман надонам дӯсти ман шуд ҳасуд,
Ин хору хас тӯҳмат занад аз пушти мо андар камин.
Тухми вафо пошам ба марзи бемурувват бешумор,
Ӯ меканад нахли вафо ҳаргиз нашуд ёри қарин.
Наврӯз шуд дар деҳи мо, омад баҳори ошиқон,
Имрӯз наврӯзӣ бидеҳ аз оразат, эй ҳури ин.

Малик КАБИРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: