Ду рубоӣ
Хоҷа Абдулхолиқи
ҒИЖДУВОНӢ
Ду рубоӣ
Бар дӯст муборакам,
бар душман шум,
Дар ҷанг чу оҳанам,
дар сулҳ чу мум.
Сарчашмаи нур —
Ғиждувон манзили мост,
Ман теғи дурӯя мезанам
то дари Рум.
***
Гар дар дилат аз касе шикоят
бошад,
Дарди дили ту аз ӯ бағоят бошад.
Зинҳор ба интиқом машғул нашавӣ,
Бадро бадии хеш кифоят бошад.
Таҳияи ВАРОРӮДӢ.
Падар
Марде ба мисоли падарам бошам,
бас.
Ҳар дам ба хаёли падарам бошам,
бас.
Дар боғи муҳаббату садоқат
ба Ватан,
Пайванди ниҳоли падарам бошам,
бас.
Парвоз намекунам агар, боке нест,
Дар сояи боли падарам бошам, бас.
Бигзор, ки фориғ аз ду олам
бошам,
Огаҳ чу зи ҳоли падарам бошам,
бас.
Дороияш аз неъмати дунё илм аст,
Ман соҳиби моли падарам бошам,
бас.
Як умр дар ин ҳаёти худ шукргузор,
Бар нони ҳалоли падарам бошам,
бас.
Шеърам ба мисоли дили ӯ дарёӣ,
Ман худ ба мисоли падарам бошам,
бас.
Сафар АБДУРАҲИМОВ.
АНДЕША ВА РОЗҲО
ЧАРО ОДАМ ДУШМАНӢ КУНАД?
Чаро одам ба одам душманӣ кунад дар ин дунёи дурӯза? Чаро кинаву кудуратро аз дил зудуда наметавонад? Ҳол он, ки ба қавли шоир: «Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст».
ТУРО ҶУСТА БУДАМ...
Туро мехостам бубинам, туро пазмон шудам, туро ҷустам, аё ёри ҷамилаи ман. Рӯзгоре ҳусну ҷамоли туро дида, дилам сахт ба таппиш меомад. Аммо бо амри сарнавишт мо аз ҳам ҷудо гардидем.
Туро дидам дар айёми ғуруби умр, ожангҳо дар чеҳраи зебоят пайдо шудаанд, ба мӯят сафедӣ афтодааст. Ту то аз нигоҳи ман ҳанӯз ҳамоне, ки будӣ.
Дардеву дареғо, ҳама даргузашт. Дигар мо дар олами ёд ишқ меварзем. Фарёд аз қалами қисмат, ки рӯйи вожаи бахту саодати мо ба як умр хат кашид.
Ӯктам ИБРОҲИМ.
Шояд бедор шавад
Ятиме ба хонаи дӯсташ барои бозӣ рафт.
Дӯсташ ба ӯ гуфт:
— Дод назан, то падарам аз хоб бедор нашавад!
Ятим дар ҷавоб гуфт:
— Биё, биравем назди қабри падари ман бозӣ ва фарёд кунем, шояд падарам аз хоб бедор шавад.
Таҳияи ВОРИС.