ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОР – 2021”

Бо ташаббуси Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ аз 15 сентябр то 4 декабри соли ҷорӣ таҳти шиори “Ӯзбекистони Нав – барои боз ҳам беҳтар намудани соҳаи таълим ба воситаи методҳои замонавӣ” озмуни ҷоизаи миллии “Омӯзгор – 2021” ташкил гардид.

Бо ташаббуси Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ аз 15 сентябр то 4 декабри соли ҷорӣ таҳти шиори “Ӯзбекистони Нав – барои боз ҳам беҳтар намудани  соҳаи таълим ба воситаи методҳои замонавӣ” озмуни ҷоизаи миллии “Омӯзгор – 2021” ташкил гардид. Барои гузаронидани ин  озмун аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар даври аввали он 4301 довталаб ширкат карда, 40 нафар ба сабқати финалӣ роҳ гирифтанд.
Ин озмун аз рӯи ҳашт номинатсия баргузор шуд. 
Дар ҳар як номинатсия то панҷ нафар довталаб иштирок карданд ва он натиҷагирӣ шуд. Ба ғолибони ҷойи якум сӣ миллион сӯмӣ, барои боқимондаҳо панҷ миллион сӯмӣ ва ноотбукҳои замонавӣ тақдим гардид. Дар номинатсияи “Устоди фидокор” аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона омӯзгори мактаби раками 14-ум Улуғбек Мамаҷонов пирӯз гардид. 
Ҷойи ёдоварист, ки Ӯлуғбек 23 июни соли 1984 дар деҳаи Чуриндии ноҳияи Бағдод дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯ дар литсей-интернати бачаҳои иқтидорноки ноҳияи Бағдод таҳсил намуда, соли 2001 онро хатм кардааст ва таҳсилро дар Институти политехникии Фарғона бар асоси бюҷет идома додааст. Соли 2005 онро бомуваффақият хатм намуда,   фаъолияти кориашро дар бахши фарғонагии Донишгоҳи ахбор ва технологияи Тошканд ба сифати мудири лаборатория оғоз кардааст. Магистратураро дар ҳамин донишгоҳ хондааст. 
Аз моҳи декабри соли 2017 дар мактаби рақами 14-уми ноҳияи Сӯх аз фанни информатика ва математика таълим медиҳад. 
Зимни суҳбат Мамаҷонов мегӯяд, ки чӣ дар хона ва чӣ дар мактаб бача набояд вақти худро беҳуда гузаронад. Омӯзгоре, ки илми худро аз шогирдаш пинҳон надошта, онро ба вай мерасонад, ҳатман мукофоти худро мегирад.
– Барои чӣ шумо айнан муаллимиро интихоб карда, ба ин касб дил бастед? – суол мекунам аз вай.
– Замонеро паси сар кардем, ки ҳама бо назари паст ба муаллим  нигоҳ мекарданд ва ин касбро намеписандиданд. Ҳоло чунин муносибати сард аз байн рафтааст. Имрӯзҳо аз тарафи сарвари давлатамон барои беҳтар кардани соҳаи маориф ба муаллимон эътибори алоҳида дода шуд ва қарор аст, ки оҳиста музди онҳо то ба ҳазор доллар баробар гардад, – мегӯяд Улуғбек.
Ба таъкиди ӯ дар таълиму тарбия муҳити оила низ нақши калон мебозад. Вай ифтихор кард, ки падару модараш омӯзгор ҳастанд. 
– Аллакай дар овони кӯдакӣ ба худам ваъда додам, ки албатта дар оянда мисли он-ҳо муаллими хуб мешавам. Дар панҷсолагӣ китобу дафтар ва қа-лам бардошта, ба мактаб мерафтам. Ҳатто дар маҳаллаамон ҳамсолонамро ҷамъ намуда, худро муаллим ҳис менамудам ва ба онҳо “Муаллими шумо ҳастам” гуфта, гӯё ба онҳо дар парта чӣ тавр нишастану ба қоидаи дарс чӣ тавр риоя намуданро фаҳмонданӣ мешудам, – бо завқ мегӯяд ҳамсуҳбати мо. 
Маълум шуд, ки зиёда аз сад нафар шогирдонаш дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Бархе аз онҳо аллакай машғули касбу кор мебошанд.
– Вақтҳое шуд, ки маошам ақалан ба як халта орд намерасид. Имрӯз фаҳмидам, ки барои муаллими хуб шудан фақат сабр ва меҳнати ҳалол талаб карда мешавад. Ин ҳамон меҳнати ман аст, ки шабу рӯз аз болои худам кор кардам ва дар миқёси мамлакат  яке аз муаллимони шарафманд гардидам, – гуфт Улуғбек. 
Ногуфта намонад, ки вай дар ноҳияи Сӯх эҳсоси мусофират намекунад. Мардуми меҳмондӯст ва меҳмоннавози деҳаи Ҳушёр, хусусусан ҷамоаи муаллимони мактаби рақами 14 намегузоранд, ки вай худро бегона ҳис кунад. 
– Сабаби ҳамаи ин обрӯмандии ман ба шарофати меҳнатдӯстии мардуми деҳаи Ҳушёр аст. Агар чунин намебуд, шоҳ ва арбоби давлатӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур беҳуда як соли дароз дар ин ҷо зиндагӣ карда, аз ҷавонмардони Ҳушёр навкар интихоб намекард ва ҳамроҳаш ба Ҳиндустон намебурд. Вақте ки бо кӯҳансолони ин ҷо сӯҳбат карда, дар бораи гузаштаи деҳа маълумот гирифтам, худро тамоман дар олами афсонавӣ ҳис кардам. Шояд рӯҳи  бузургони гузаштаи ҳамин деҳа  ба ман нерӯ дода бошад, ки ба ин гуна мукофотҳо мушарраф гаштам, – мегӯяд  Улуғбек Мамаҷонов дар поёни суҳбат. 
Вай дар қатори ҳашт нафар ғолибони озмуни ҷоизаи миллии “Омӯзгор – 2021” соли оянда дар шаҳри Дубай дар озмуни байналмилалӣ иштирок хоҳад кард. 
– Ҳоло Улуғбек Мамаҷонов дар мактаби мо курси тайёрӣ кушодаааст ва баъди дарсҳо тамоми нозукиҳои фаннашро дар методҳои замонавӣ ба як гурӯҳ шогирдон ёд медиҳад. Соли ҷорӣ аз мактаби мо як гурӯҳ шогирдони вай дар асоси буҷа ба мактабҳои олӣ дохил шуданд,  – мегӯяд директори мактаби рақами 14-ум Садриддин Абдураҳмонов. 

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: