ҒОЛИБОН БОЗ ШОГИРДОНИ ҚАРОКӮЛӢ

Математикони навраси қарокӯлӣ кайҳост, ки бо иқтидори худ баҳри зиёдтар шудани обрӯю эътибори мамлакати мо дар арсаи байналхалқӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Математикони навраси қарокӯлӣ кайҳост, ки бо иқтидори худ баҳри зиёдтар шудани обрӯю эътибори мамлакати мо дар арсаи байналхалқӣ саҳми арзанда мегузоранд. 
18-19 январи соли ҷорӣ хонандаи синфи 8-уми Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл Бекзодҷон Нуриддинов дар шаҳри Голд-Кости Австралия дар олимпиадаи байналхалқии фанни математика бомуваффақият иштирок карда, соҳиби медали тиллоӣ шуда буд. 
Ба қарибӣ боз хушхабар расид. Аз фанни математика беҳтарин будани шогирдони таълимгоҳи номбурдаро бори дигар озмуни математикаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ «SEAMO-2020» исбот кард. Маълум аст, ки созмондиҳандаи мусобиқаҳои анъанавии заковат ташкилоти «Global SEAMO»-и Ҷумҳурии Сингапур буда, ҳамаи саволҳои ин қувваозмоиҳо аз ҷониби мутахассисони таълимгоҳи олии ин мамлакат «Terry Chew Akademu» таҳия мегардад. Чанд рӯз муқаддам озмуни фаннии байналхалқӣ бо усули онлайн баргузор гардид ва дар он 11 нафар шогирдони боистеъдоди Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл дар шаҳри Бухоро баҳри ҳифзи шарафи вилоят ба қувваозмоӣ даромаданд.Дар натиҷа талабагони синфҳои 8 ва 9 Асилбек Абдуқаюмов ва Анварҷон Раҳматов соҳиби медали тиллоӣ гардида, ба марҳалаи навбатии озмуни байналхалқӣ роҳхат гирифтанд. Шогирдони синфи 9 Отабек Ҷӯрабеков ва Муҳаммадалӣ Равшанов медали биринҷиро ба даст дароварданд. Хонандаи синфи 10 Ҷасур Рӯзибоев бо медали нуқра, ҳамсинфони вай Лазизбек Раҷаббоев ва Азизбек Эргашев бо медали биринҷӣ сарфароз шуданд. Ҳамин тариқ, ҷамоаи номбурда миқдори медалҳои мактабашонро боз 7-то зиёд карданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: