ҒОЛИБОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ИШТИРОК МЕКУНАНД

Ба қарибӣ дар ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон барои Ҷоми Ӯзбекистон байни муштзанони соли таваллудашон 2004-2005 мусобиқа баргузор гардид.

Дар баҳсҳо аз шаҳри Тошканд, Қароқалпоқистон ва вилоятҳо қариб 200 нафар боксбозон аз рӯйи 13 вазн иштирок карданд. 
– Камина дар чемпионати Осиё иштирок карда будам. Дар мусобиқаи мазкур ҷойи якумро ба даст овардам. Акнун бароям имконият пайдо шуд, ки дар сафи тими яккачини Ӯзбекистон аз рӯйи бокс дар чемпионати ҷаҳон иштирок кунам, – гуфт яке аз ғолибони ҷом Раҳматулло Бойматов.
– Дар вилоятамон ба варзиш торафт эътибор зиёд мешавад. Аз сари сол то ҳозир якчанд мусобиқа баргузор гардид. Дар мусобиқаи Ҷоми Ӯзбекистон низ аз вилоятамон гурӯҳи боксбозони иқтидорнок иштирок карданд, – гуфт сардори садорати сайёҳӣ ва варзиши вилоят Анвар Тӯйчиев. – Дар сартосари мамлакатамон муштзанони маъруф зиёданд. Боварӣ дорам, ки ғолибони озмуни имрӯза дар оянда номи кишварамонро боз шӯҳратманд мегардонанд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: