Ғолибон – фахри мо

Ба қарибӣ дар пойтахти зебоманзари кишварамон шаҳри Тошканд мусобиқаи варзиши сабук дар байни ҷавонон баргузор гардид.

Ба қарибӣ дар пойтахти зебоманзари кишварамон шаҳри Тошканд мусобиқаи варзиши сабук дар байни ҷавонон баргузор гардид. Дар он аз тамоми гӯшаву канори мамлакатамон варзишгарони синни мактабӣ ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи давидан ба 3 ҳазор метр хонандагони синфи 8-“а”-и мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой Ойзира Ҷӯрақулова ва Эҳсон Маҷидов низ иштирок намуда, ҷойҳои аввалро соҳиб гардиданд.
Ногуфта намонад, ки ин хонандагони шуҷоъ солҳои охир, хусусан, аз соли 2018 то 2020 бо иштироки фаъолонаашон дар соҳаи варзиш ҳамеша дастболо буданд ва ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Дар ин бевосита саҳми омӯзгор, роҳбари гурӯҳ Фирӯз Саидаҳмедов хеле калон аст.
Хусусан, баромади Ойзира Ҷӯрақулова, ки дар байни 15 нафар рақибони худ ҷойи дувумро муваффақ гашт, хеле ҷолиб буд.
Ниҳоят, сарбаландона варзишгарони мо ба мактаб баргашта, таассуроти худро ба шарикдарсонашон иброз доштанд. Хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. 
Мо низ ин дӯстрӯяконро, бо ин ғолибият аз самими дил табрик намуда, изҳори миннатдорӣ ба волидайн ва устодонашон мекунем.

Шавкат АБДУРАҲМОНОВ,
омӯзгори мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: