Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар мамлакатамон моҳи сентябри соли ҷорӣ мавсими 2-юми Олимпиадаи панҷ ташаббус дар кишвар оғоз ёфта буд.
Шурӯъ аз моҳи сентябр давраҳои маҳаллавӣ, сектор, ноҳия, вилоят ва инак ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.
Мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили шашка-шоҳмот, тенниси рӯйи миз, варзиши сабук, волейбол, стритбол, воркаут, кураш, ҳамчунин озмунҳои “Китобхони ҷавон”, “Заковат”, “ҚВЗ”, ҷашнвораи “Рақс”-и ҷавонон ва ғайра бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонон, Вазорати рушди варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Хидмати амнияти давлатӣ ва идораҳои дигари давлатӣ дар сартосари ҷумҳурӣ баргузор шуданд. Аз ин рӯ, мукофотонидани ғолибони мусобиқа ва озмунҳои мазкур дар миқёси ноҳиявӣ барои ҳар як иштирокчӣ аз лаҳзаҳои пурифтихор маҳсуб меёбад. Ба ҳамин муносибат ба наздикӣ дар маҷлисгоҳи ҳокимияти ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд маросими мукофотонидани ғолибон ва чемпионҳои миқёси ноҳиявӣ баргузор шуд. Дар он ҳокими ноҳия Низомиддин Аббосов, роҳбари шуъбаи ноҳиявии Агентии кор бо ҷавонони ноҳия Одил Ҷӯраев, роҳбари шуъбаи Мактаби варзишии ноҳия Бахтиёр Алиев, ходимону мутахассисони ҳокимияту мактаби варзишӣ, пешвои ҷавонони маҳаллаҳо иштирок карданд. Ҳокими ноҳия Н.Аббосов зикр кард, ки имрӯз аз ҷониби ҳукумат ва Президент ба ҷавонон, бунёдкорони оянда эътибори махсус дода мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар байни ҷавонон ба роҳ мондани “Олимпиадаи панҷ ташаббус” дар кашф намудани варзишгарони номӣ, соҳибистеъдодҳо нақши муҳим мегузорад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд кӯшиш кунанд, ки дар чунин мусобиқаҳо иштирок намуда, на ин ки ғолиб шаванд, балки номи маҳалла, ноҳия ва вилояти худро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардоранд.
Дар охир аз ҷониби масъулон ба ғолибон туҳфаҳо тақдим шуданд.
М.ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.