Дар майдони «Парчами кишвар», »Маскани донишмандон» ва «Амфитеатр»-и шаҳри Гулистон озмун-азназаргузаронии зинаи вилоятии «Ташаббус – 2019» баргузор гардид.
Дар он ҳунармандон, фермерон ва тадбиркорони ғолиби озмунҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки маҳсулоташонро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ низ харидорӣ мекунанд, иштирок карданд.
Тадбирро дар майдони «Парчами кишвар» ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев ва раиси Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов кушода, иштирокчиёни онро бо иди анъанавиашон – «Ташаббус – 2019» табрик гуфтанд. Ҳокими вилоят таъкид кард, ки сафи фермерон, тадбиркорону ҳунармандони вилоят сол аз сол меафзояд, ҷойҳои нави кор ба вуҷуд меоянд, талаб ба маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар давлатҳои хориҷӣ низ зиёд мегардад.
Воқеан, рост аст, ки дар вилоят сафи тадбиркорон ва фермерону ҳунармандон торафт меафзояд. Алҳол шумораи корхонаҳои хурд ва микрофирмаҳо ба 2500 адад расидааст. Тӯли панҷ моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ 1500 субъекти тадбиркорӣ ба кор сар кард. Дар доираи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят соли 2018 лоиҳаҳое, ки 1,3 триллион сӯмина арзиш доштанд, амалӣ гардида, 6307 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд омад. Барои ҷомаи амал пӯшидани ин лойиҳаҳо 891 миллиард сӯм вом ҷудо карда шуд. Ба вилоят соли сипаригашта ба миқдори 63,4 миллиард доллари ИМА сармоя ворид гашт. Қувваи коркарди маҳсулоти саноатии вилоят ба 1,3 триллион сӯм, ҳаҷми содироти маҳсулот ба 33 миллион доллар расид.
Соли ҷорӣ тадбиркор, фермер ва ҳунармандони вилоят аз рӯйи номинатсияҳои «Тадбиркори беҳтарини соҳаи саноат», »Тадбиркори беҳтарини соҳаи хизматрасонӣ», »Ҳунарманди беҳтарини сол», »Маҳсулоти беҳтарини сол», »Ҳамкори масъулиятшиноси иҷтимоӣ», »Соҳиби беҳтарини тиҷорати оилавӣ», »Беҳтарин лоиҳаи сармоявӣ» ва »Беҳтарин тадбиркори ҷавон» қувваозмоӣ карданд.
Дар озмун-азназаргузаронии «Ташаббус – 2019» аз рӯйи номгӯйи «Тадбиркори беҳтарини соҳаи саноат» ҷойи якум ба роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мирзообод универсал трейд» Ғанишер Нормуҳаммедов насиб гашт. Роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сайҳун планет» Хуршед Шарипови сайҳунободӣ ҳамчун тадбиркори беҳтарини соҳаи хизматрасонӣ эътироф гардид. Ҳунарманд аз шаҳри Янгиер Салима Ибодуллоева ба гирифтани номи ҳунарманди беҳтарини сол сазовор гашт, роҳбари хоҷагии фермерии «Мурод» Собир Муродови боёвутӣ чун фермери беҳтарини сол шинохта шуд. Аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин тадбиркори ҷавон» ҷойи якум насиби роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сайҳунобод маиший савдо» Бекзод Ҷӯраев гашт.
Ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуданд, онҳо ба озмуни ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.
Тӯхтамиш БОҚИЕВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё.