ҒОЛИБОН САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Дар варзишгоҳи марказии «Суғдиёна»-и шаҳри Ҷиззах маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони марҳилаи вилоятии мусобиқаҳои варзишии «Умид ниҳоллари» миёни мактаббачагон ба амал омад.

Бояд гуфт, ки то ба ин марҳила расидан зиёда аз се ҳазор нафар мактаббачагон аз рӯйи 21 намуди варзиш қувва озмуданд. Қувваозмоиҳо хеле тезу тунд гузаштанд. Натиҷаҳо нишон дод, ки иштирокчиён аз ноҳияи Шароф Рашидов бо чусту чолокӣ соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Ҳокими вилоят Эргаш Солиев дар бораи аҳамияти варзиш ва шароитҳое, ки алҳол дар миқёси вилоят барои наврасону ҷавонон муҳайё карда шудааст, сухан ронд. Сипас, калиди мошини «Дамас» – туҳфаи Президентро ба ғолибони мусобиқа супурд.
Иштирокчиён аз шаҳри Ҷиззах ва ноҳияи Ғаллаарал низ хеле ҷидду ҷаҳд доштанд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби онҳо гашт. Ба ин ҷамоаҳо ҳам туҳфаҳои арзанда ва дипломи мусобиқа тақдим гардид.
Дар қисми ниҳоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳунарӣ суруду таронаҳои дилнишин, ки дӯстӣ, Ватан, зебоӣ ва ҷавониро васф мекарданд, танин андохт.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: