ҒОЛИБОНИ “АТИРГУЛ” МУАЙЯН ШУДАНД

Фасли баҳорро “арӯси сол” меноманд.

Шукуфоӣ, сабзиш ва аз хоби гарони сармо бедор шудани табиатро ҳар як мавҷудоти рӯйи замин бо як эҳсоси гуворо пешвоз мегирад. Бо фарорасии рӯзҳои аввали ин фасли шукуфтанҳову сабзишҳо ва айёми гулрез иди модаронро ҷашн мегирем. Ҳар як қалби инсони ҳаётдӯст аз ин шукуфтанҳо илҳом мегирад ва шоирона мегӯяд: “зан-модар, зан-хоҳар, зан-духтар, зан-ҳамсар, зан-меҳр, муҳаббат, моҳу офтоб...
Лоиқи ширинкалом фармудааст:
Гар намебудӣ ту яктои дилам,
Кай чунин маҳбуби мардум 
мешудам.
Гар намебудӣ ту пайдои дилам,
Бе ту ман дар зиндагӣ гум 
мешудам.
Гар набошӣ хона дорад бӯйи ғам,
Гар ту бошӣ хона дорад бӯйи мушк.
Гар ту бошӣ хок гирам зар шавад,
Гар набошӣ, зар бигирам,
 хоки хушк...
Дар толори Маркази матбуоти миллии пойтахт низ бахшида ба ин сана чорабинии идона баргузор гардид. Дар он адиба, шоира, журналистзанони собиқадор, намояндагони Иттиҳоди нависандагон, иттиҳоди журналистон, занону духтарони журналисти вилоятҳо ва блогерҳо иштирок карданд. 
Чӣ хеле ки хабардор ҳастед, Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон бахшида ба рӯзи байналхалқии занону духтарон – 8 март аз сари нав созмон ёфтани озмуни “Атиргул”-ро эълон карда буд. Дар чорабинӣ маросими сарфарозгардонии ғолибони озмун ба амал омад.
– Фасли баҳорро шабеҳи табиати зан медонем. Зан ҳаст, ки олам мунаввар, зан ҳаст, ки хонадони мо чароғон, фарзандонамон хушбахт. Дар кишваре, ки ба зан-модар арҷ мегузорад ва занону духтаронро гиромӣ медорад, хушбахтиву оромӣ, файзу баракот ва сулҳу салоҳ ҳукмрон аст. Дар самти машаққатноки журналистика занону духтарони мо кам нестанд. Онҳо дар қатори мардон босамарона фаъолият мебаранд. Баргузор намудани озмуни “Атиргул” миёни занону духтарони журналист, ки дар телевизион, радио, матбуот, хидмати ахбор меҳнат мекунанд, ин як эътибор, ҳурмат ва эҳтиром ба онҳо аз ҷониби ҳукумат мебошад, – гуфт дар баромади худ сармуҳаррири рӯзномаи “Халқ сӯзи”, шоир Ӯткир Раҳмат.
Қайд гардид, ки солҳои охир ғамхории ҳукуматамон ба занону духтарон беш аз пеш меафзояд. Роҳбари давлат қариб дар ҳамаи маърӯзаҳои худ таъкид менамояд, ки занону духтаронро ба корҳои роҳбарӣ, соҳибкорӣ, хонакорӣ бештар бояд ҷалб намоем. Саводнокӣ ва дониши онҳоро мувофиқи талаби замон, ба рушди Ӯзбекистони Нав муносиб баланд бардорем. Бо ташаббуси роҳбари давлат доир ба ҳифзи занону духтарон, саломатӣ, тарбияи кӯдак, таҳсил, бо кор фаро гирифтани онҳо як қатор имтиёзҳо дода шуданд. Аз модари солим кӯдаки солим ба дунё меояд. Оилаи солим – ояндаи мамлакат аст. 
– Имрӯз 60-70 фоизи соҳаи журналистикаро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар мақолаю лавҳа, очерку суҳбат, барномаҳои телевизионию радиоии онҳо на танҳо маҳорати касбӣ, балки назокат, латофат ва зебоии онҳо низ намоён мегардад, – гуфт раиси шӯрои журналистзанону духтарони назди Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Фирӯза Одилова. – “Атиргул” ном гирифтани озмун, ки дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронда мешавад, низ моҳияти ба худ хос дорад. Зеро атиргул рамзи зебоӣ ва нафосату назокат аст. Дар озмун 107 нафар журналистзанон бо беш аз 1500 корҳои эҷодии худ аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок карданд. Фаъолтарини онҳо журналистзанони қароқалпоқистонӣ дониста шуданд. 
Таъкид гардид, ки аз рӯйи мавзӯи “Мақолаи беҳтарин доир ба гиромидошти қадри инсон” зиёда аз 150-то кори эҷодӣ супурда шудааст. Дар самти “Беҳтарин материали илмӣ-тадқиқотӣ”, “Хабарнигори фаъол ва тезкор” низ фаъолаҳо зиёд буданд. 
Маводҳои ба озмун ирсолшуда аз ҷониби журналистони ботаҷриба, шинохта ва экспертҳо омӯхта шуданд ва ғолибон муайян гардиданд. 
Дар поёни чорабинӣ ба ғолибони “Атиргул” мукофотҳо супурда шуданд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.      
              

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: