ҒОЛИБОНИ ҶАШНВОРА ЭЪЛОН ГАРДИД

Тавре ки хабар дода будем, аз 27 то 30 июни соли равон дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва АСЕСКО ҷашнвораи дуюми байналмилалии мақом баргузор гардид.

 Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи байналмилалии санъати мақом маҳз бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев рӯи кор омада, ҳадаф аз роҳандозии он ҳифзи мусиқии анъанавӣ, мусоидат ба муколамаи байни фарҳангҳо, нигаҳдорӣ ва рушди гуногунии фарҳангӣ ва амсоли он мебошад.
Ҷашнвора бо он бошукӯҳ ва қобили эътироф буд, ки дар он Симона-Мирела Микулеску, дабири кулли конференсияи ЮНЕСКО; Анор Каримов, муовини дабири кулли Созмони ҷаҳонии ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ISESCO); Султон Раиф, дабири кулли Созмони байналмилалии фарҳанги ҷаҳони турк; Меҳмет Сурайё Эр, раиси Конфронси генералии ЮНЕСКО, Ассамблеяи парлумонии ҷаҳони турк, Мун Хёнг Сук, дабири кулли Минтақаи осиёии Созмони байналмилалии фолклор ва як қатор вазирон ва ноибони вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони кишварҳои мухталиф ширкат намуданд.
30 июн ҳайати байналмилалии иборат аз ҳафт кишвар – ИМА, Озарбойҷон, Миср, Туркия, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон таҳти раёсати Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов аз миёни 95 мақомхони беҳтарини 16 кишвар (Озарбойҷон, Қирғизистон, Чин, Марокаш, Туркманистон, Урдун, Ҷопон, Тоҷикистон, Эрон, Тунис, Ҳиндустон, Миср, Индонезия, Туркия, Қатар, Ӯзбекистон) ғолибони ҷашнвораро эълон карданд. 
Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин сарояндаи мақом» сарояндаҳои ансамбли мақоми ба номи Юнус Раҷабӣ Адолат Исмоилова ва Нафиса Фармонова, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин навозандаи мақом» донишҷӯёни Донишкадаи миллии санъати Ӯзбекистон ба номи Ю.Раҷабӣ Шоҳҷаҳон Ёриев ва Меҳрибон Ҳайдарова, аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин омӯзгори мақом» Умари Ҳамдӣ аз Миср, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин тарғибкунандаи мақом» ноиби ректори Донишкадаи миллии санъати Ӯзбекистон ба номи Ю.Раҷабӣ Азиз Зокиров, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ҳунарманди ҷавони мақом» Мактаб-интернати махсуси давлатии Фарғона ва аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин композитори мақом» роҳбари ансамбли Театри давлатии академии мусиқии ӯзбек ба номи  Бобури Ӯш Дилшод Азимов ғолиб дониста шуданд. 
Аз номи ЮНЕСКО ансамбли Маркази мусиқии Вазорати фарҳанги Давлати Қатар  ва ансамбли Мактаб-интернати махсуси мақоми Урганч «Ферӯз», аз номи ISESCO ансамбли «Малуф»-и Тунис ва ансамбли Театри мақоми Марғелон, аз номи ТУРКСОЙ ансамбли мақоми «Ватан»-и Озарбойҷон ба гирифтани тӯҳфаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд. 
Вақте ки навбат ба эълони ғолибони се ҷои аввали Ҷашнвораи байналмилалии мақом расид, маълум шуд, ки ду ҷои аввал ва 10 ҳазор долларӣ ба ансамбли Маркази миллии санъати мақоми ба номи Юнус Раҷабӣ ва Хуршед Ироҳимзода – овозхони мақоми Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ду ҷои дувум ба ҷамоаи ансамбли Маркази мақоми вилояти Ҷиззах ва овозхони турк Чидем Гурдал бо маблағи 7 ҳазор долларӣ ва ду ҷои сеюм ба дастаи ҳунарии «Мақом»-и Театри бадеии «Шинҷон»-и Чин ва овозхони ҳинд Алӣ Амҷад Хон бо маблағи 5 ҳазор долларӣ сазовор дониста шуданд.  
Шоҳҷоиза ё ГРАН-ПРИ бо маблағи 15 ҳазор доллар ба овозхони ансамбли «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Асғар Арабшоҳӣ тақдим карда шуд. 
Ба ғолибон диплом, ҳайкалча ва туҳфаҳои хотиравӣ низ супурда шуд. Инчунин ҳар як иштирокчии ҷашнвора соҳиби шаҳодатномаи «Иштирокчии Ҷашнвораи байналмилалии санъати мақом» гардид.
Маросими пӯшидашавии Ҷашнвораро консерти дастаҷамъии аҳли санъат ва мақомхонҳои ҷавон шукӯҳи тоза бахшид. 

Мирасрор АҲРОРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Суратгир: Ҷ. ЁРБЕКОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: