ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ САРВАЗИР МУКОФОТОНИДА ШУДАНД

Аз ҷониби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба футбол (мардон) ва волейбол (занон) байни дастаҳо дар таркиби кормандони вазорат, идора, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, корхонаҳои калон ва ташкилотҳо барои Ҷоми Сарвазир мусобиқа гузаронда шуд.

Дар мусобиқаҳо, ки дар доираи иҷрои супоришоти 4 сентябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пурзӯр гардондани тайёрӣ ба мусобиқаҳои байналхалқӣ  ташкил гардидааст, 64 дастаи футбол ва 11 волейбол иштирок кард. 
27 октябр дар варзишгоҳи «Миллӣ»-и пойтахт зинаи финалии мусобиқаҳои футбол ва маросими мукофотонидани дастаҳои ғолиб ба амал омад. 
Дар бозии финалӣ оид ба футбол дастаҳои Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ШС «Ӯзбектелеком» қувва озмуданд. Дастаи Суди олӣ, ки рақибро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт, соҳиби ҷойи якум гардид. Ҷойи сеюм ба дастаи Вазорати хоҷагии об насиб гардид. 
Дар мусобиқаҳо оид ба волейбол дастаи ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ҷойи якум ва  Вазорати кишоварзӣ дувум ва дастаи Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ҷойи сеюмро ба даст дароварданд. 
Ҷоми Сарвазирро ба дастаҳои ғолиб муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов супурд. Инчунин, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи наминатсияҳои гуногун низ мукофотонида шуданд. 

Ҷ. ТОШХӮҶАЕВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: