ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚА МУАЙЯН ШУДАНД

Дар ҳавзаи қаиқронии Самарқанд аз рӯйи намуди триатлон (ба 1,5 километр шино кардан, ба 40 километр бо велопойга ва ба 10 километр тохтан) мусобиқаи шавқангез барои ҷоми Осиё ва кишвари мо баргузор гардид.

Дар он варзишгар Тоус Хеска, ки дар зери парчами Федератсияи триатлони ҷаҳон баромад кард,  дар байни бонувон ҷойи нахустинро гирифт. Намояндаи Чин Хен Юлин дар ҷойи дуюм ва Науми Сразе аз Венгрия ҷойи савумро ишғол карданд.
Аз байни мардҳо ба Давид Контеро дел Кампои испаниёӣ ҳеч кас баробар нашуд. Ба шоҳсуфаи дуюм Феликс Дучампт аз Руминия ва савум  вакили Люксембург Григор Пает соҳиб шуданд.
Дар чемпионати кушоди Ӯзбекистон 160 нафар устодон ва ҳаваскорони варзиши Тоҷикистон ҳам талош варзиданд. 
Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: