ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ «ПАНҶ ТАШАББУС»

Барои шавқовар ва ҷолиби диққат гузаронидани вақти холии писару духтарон ва солим ба воя расидани онҳо бо ташаббуси сарвари давлатамон олимпиадаи 5 ташаббус ҷорӣ шудааст.

Чанде пеш бо ҳамкории Вазорати рушди варзиш, Хидмати бехатарии давлатӣ, Агентии корҳои ҷавонон ва Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯбаи олимпиадаи 5 ташаббус дар толори коллеҷи варзиши захираҳои олим-пӣ ва Донишкадаи муҳандисиву сохтмони Намангон аз рӯйи волейбол байни занону духтарони синнашон 16-21 ва 22-26-сола марҳилаи финалии чемпионати Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар талоши баҳсҳо аз шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои мамлакатамон 308 нафар волейболбозон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, қувваозмоӣ карданд. Ғолибони гурӯҳҳо ба мусобиқаи финалӣ роҳхат гирифтанд.
Дар баҳси финалӣ волейболбоздухтарони синнашон 16-21-солаи вилояти Намангон ва вилояти Бухоро қувваозмоӣ карда, вакилони вилояти Намангон ба ҳисоби 2:1 ғолиб баромаданд.
– Рақибонамон басо чусту чолок ва бомаҳорат буданд. Вале мо ҳамаи маҳорат ва имкониятҳоямонро ба кор андохта, ғалаба кардем, – гуфт узви ҷамоаи вилояти Намангон Оқила Сотиволдиева.
Дар мусобиқаи финалӣ занону духтарони синнашон 22-26-солаи вилояти Андиҷон ба ҳисоби 2:0 волейболбозони вилояти Хоразмро мағлуб карда, ба ҷойи якум ноил гардиданд.
Қобили қайд аст, ки волейболбозони синнашон 22-26-сола бо фарзандон ва хушдоманҳояшон омада, барои ғолибиятро ба даст овардани маҳаллаашон кӯшиш намуданд.
Барои ғолибони мусобиқа чорабинии мукофотсупорӣ дар боғи Водии афсонаҳои ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон баргузор гардид. Дар маросими мукофотсупорӣ ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов иштирок кард.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: