ҒОЛИБОНИ ОЗМУН – МУАЙЯН

Бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, садорати таълими халқи вилоят ва шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон байни талабагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таълими умумӣ таҳти унвони «Барои оянда муттаҳид шавем» озмуни корҳои эҷодӣ эълон гардида буд.

Он дар ду равия: ҳикояи беҳтарин ва шеъри беҳтарин то 30 апрел аз тариқи телеграм сурат гирифт. 
Ба ҳайати доварон 252 ҳикоя ва 324 шеър дастрас гардид. Дар равияи назм ҷои аввал ба хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 2-юми ноҳияи Ромитан Амира Тоҷиддинова, ҷои дуюм ба толибаи синфи 11-и мактаби рақами 4-уми ноҳияи Шофиркон Диёра Мустафоева, ҷои сеюм ба шогирди синфи 9-уми мактаби рақами 22-юми ноҳияи Ҷондор Мафтуна Мӯъминова насиб кард. Дар равияи наср ҷойҳо ба шогирди синфи 11-уми мактаби рақами 42-юми ноҳияи Бухоро Мафтуна Раҳматова, толибаи синфи 10-уми мактаби рақами 3-юми ноҳияи Шофиркон Шаҳноза  Насруллоева ва хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 18-уми ноҳияи Вобканд Нурбек Нутфуллоев муносиб дониста шуд.  
 
А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: