ҒОЛИБОНИ ОЗМУН СОҲИБИ МУКОФОТ ШУДАНД

9 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон шудааст.

9 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон шудааст. Ба ин муносибат Агентии мубориза бо коррупсия бо ҳамкории Шӯрои миллии мубориза бар зидди коррупсия, Вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ “Ҳафтаи зиддикоррупсия”-ро ташкил намуд.
Дар маросими натиҷагирии он директори Агентии мубориза бо коррупсия Акмал Бурҳонов изҳор кард, ки ин агентӣ бо қарори Президент ташкил ёфта, дорои ваколатҳои доманфарох мебошад. Агентӣ ва ниҳодҳои маҳаллии он аллакай дар муборизаи беамон бо коррупсия ба дастовардҳои зиёд ноил шуда истодаанд. Дар айни замон ҳар фарди ҷумҳурӣ низ огоҳ шудааст ва дарк менамояд, ки ин иллат дар пеши роҳи тараққиёти мамлакати мо сахт монеъ хоҳад шуд.
Агентӣ дар арафаи “Ҳафтаи зиддикоррупсия” озмунеро таҳти унвони “Бар коррупсия дастаҷамъона пирӯз мешавем!” дар чаҳор номинатсия роҳандозӣ намуд. Наздик ба 200 нафар журналистон, блогнависон ва ҳаваскорони ин соҳа дар ин озмун ширкат намуданд.
Дар маросим таъкид гардид, ки ба мубориза даъват кардани ходимони идораҳои давлатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори умум, муҳимтар аз ин, шаҳрвандони кишвар ногузир мебошад. 
Маълум шуд, ки дар тӯли ҳафтаи зиддикоррупсия дар сатҳи ҷумҳурӣ беш аз 100  чорабинӣ, дар сатҳи минтақавӣ ҳудуди 350 тадбири гуногун роҳандозӣ гардидаанд ва иштирокчиёни он аз 50 ҳазор нафар гузаштааст. Аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ 60 нафар ба сифати коршинос иштирок доштаанд.
– Дар чаҳорчӯби ҳафтаи зиддикоррупсия “Мубориза бо коррупсия ва форуми Тошканд”, форуми “Ҷомеаи соҳибкорӣ – ба муқобили коррупсия”, “Мавқеи ҷомеа дар мубориза бо коррупсия”, муаррифии “Бунёди нахустин лабораторияи зиддикоррупсия дар Ӯзбекистон” барин чорабиниҳое баргузор шуд, ки Агентии мубориза бо коррупсия дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои гуногун барпо кардааст, – гуфт Акмал Бурҳонов.
Ташкилу роҳандозии сафарҳои матбуотӣ, рӯзи дарҳои кушод, суҳбатҳои мизи гирд, озмунҳо, викторинаҳо, бозиҳои заковат бо ташаббуси вазорату идораҳо низ аз номгӯи чорабиниҳои муҳим мебошанд.
Тавре ки ҷонишини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Дойна Мунтеану зимни суханрониаш иброз дошт, мубориза бар зидди коррупсия, хусусан соли равон ба сифати яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва эътиборноки ҷомеаи Ӯзбекистон қарор гирифт. 
– Ба ҳамин далел ҳамаи мо низ ба он бештар таваҷҷӯҳ намудем ва дар ҳамин ҳол роҳҳои бартараф намудани коррупсияро ҷустуҷӯ менамоем. Дар ин самт мавқеъи ҳар фарди ҷумҳурии шумо бояд устувор ва ҷиҳати расонидани кӯмак омода бошад. Зеро мубориза бо коррупсия мубориза барои ояндаи фарзандони мардуми ин кишвар мебошад, – қайд намуд Дойна Мунтеану.
Дар маросим ҷонишини вазири адлия Худоёр Мелиев, намояндаи минтақавии Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ Ашита Миттал, сафир, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Пиер фон Аркс, директори намояндагии “Гуфтугӯи минтақавӣ” Мюша Север доир ба паҳлӯҳои гуногуни мубориза ба муқобили коррупсия ибрози назар намуданд.
Аз гуфтаи Мюша Север ҳувайдост, ки Ӯзбекистони нав дар бобати мубориза бо ин иллати ногувор дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи аз ҳама пеш қарор дорад.
Зимни эълони натиҷагирии озмуни “Бар коррупсия дастаҷамъона пирӯз мешавем!” низ қайд гардид, ки журналистони расонаҳои гуногун, блогнависон ва як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун дар ин самт қувваозмоӣ намуданд. 
– Ҳаргиз гумон намекардам, ки дар байни 60 нафар даъвогарон бо навори 1 дақиқаву 20 сониягии худ ҷойи ифтихории сеюмро ишғол мекунам. Агар ин озмун шаффоф натиҷагирӣ намешуд, номи маро дар қатори ғолибон эълон намекарданд, – гуфт донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи муҳандисии Бухоро Шоҳҷаҳон Исмоилов, – дар мамлакатамон ба ҷавонони эҷодкор, навовар ва боғайрат таваҷҷӯҳи хос дода мешавад ва онҳо метавонанд аз шароити беҳтарин бархурдор бошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: