ҒОЛИБОНИ «САЙҚАЛИ ЗАМИН» МУАЙЯН ШУДАНД

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки вакилони шуъбаҳои вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, собиқадорон, фаъолон ва мухбирони ҷамоатии «Овози Самарқанд» тақдимоти китоби «Саодати дӯстӣ» ва маросими тақдирсозии ғолибони озмуни «Сайқали Замин» баргузор гардид.

Дар он нотиқон дар бораи тараннуми дӯстии халқҳо, робитаҳои адабӣ, аҳамияти китобхонӣ дар пурзӯрсозии салоҳияти маънавию интеллектуалӣ, тафаккуру ҷаҳонбинии авлоди наврас, ба дигар забонҳо тарҷума намудани намунаҳои беҳтарини адабиёти ӯзбек ва халқҳои ҷаҳон ва дар ҳамин асос мустаҳкам намудани ҳамкории байни адабиётҳо мавқеи китоби «Саодати дӯстӣ» дар ин бобат ва оиди аҳамияти озмуне, ки бо ташаббуси бевоситаи рӯзномаи вилоятӣ эълон гардида, дар доираи он дар рӯзнома чоп гардидани  ҳикоя, шеър ва мақолаҳое, ки ба озмун ирсол шудаанд, суханронӣ карданд. 
Дар доираи озмун, ки дар асоси шарти тараннуми истиқлолият дастовардҳои кишвар ва шукуфоии Самарқанд ташкил гардида буд, ба таҳририят беш аз 40 ҳикоя, мақола  ва шеърҳо омаданд ва аз онҳо 18-то намунаҳои эҷодӣ дар рӯзнома чоп шуданд. Ҳайати ҳакамон,  пас аз муҳокимаҳои тӯлонӣ озмунро ҷамъбаст карданд. Дар равияи «Шеъри беҳтарин» «Шаҳри дил»-и Дилшоди Фарҳодзод, дар равияи «Ҳикояи беҳтарин» «Шаҳри орзуҳо»-и Фаридун Юлдошев сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар байни мақолаҳо ягон мақолае ба ҷойи якум муносиб дониста нашуд. Ғолибон бо диплом ва як миллион сӯмина мукофотпулӣ тақдиронида шуданд. Инчунин ба иштироккунандагони фаъол ташаккурномаҳо тақдим гардид.  

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: