ҒОЯҲОИ НЕК БОҚИСТ...

Ҳафтаи гузашта, ки таҳаммулпазирӣ ном дошту тараннумгари дӯстии халқҳо, инчунин, меҳру оқибат, саховатмандӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ буд, ба охир расид. Аммо мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми мо чун ҳамеша тарафдори осудаҳолист, дар ҳоле ки дар баъзе гӯшаҳои дунё ҷангҳои хонумонсӯз идома дорад, омода аст ҷабрдидагонро дастгирӣ намояд, ба онҳо дасти мадад дароз кунад.

Дар «Изҳороти тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ» қайд шудааст, ки  «Таҳаммулпазирӣ – эҳтиром, пазируфтан ва дарки дурусти фарҳангҳои ғанӣ ва мухталифи ҷаҳон, шаклҳои баёни ҳувияти инсон ва роҳҳои зуҳуроти шахсияти инсонӣ» мебошад. Инчунин, дар изҳорот омадааст, ки «мардум аз рӯи намуди зоҳирӣ, мақом, гуфтор, рафтор ва арзишҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, онҳо ҳақ доранд дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунанд ва шахсияти худро ҳифз кунанд ва зарур аст, ки ҳар кас ин ҳуқуқро эътироф намояд».

Албатта, чунин тамоюлҳо ба таҳкими ҳамбастагии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шуда, имрӯз меъёрҳои он дар қонун ва Сарқонуни ҷумҳурии мо пурра татбиқ гардидааст.

Дар шаҳру вилоятҳои мамлакатамон дар давоми ҳафта намоиши суратҳо, китоби адибони миллатҳои мухталиф, гала-консерт ва конфронсҳои маърифатӣ баргузор гардида, дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд. Байни хонандагони мактабҳои миёна озмуни иншо таҳти мавзӯи «Кушодадилӣ барои ман...» ва «Олами таҳаммулпазири ман» баргузор гардид, ки ҳамаи ин ҷиҳати бедор кардани ғояҳои чунин арзиши беназир дар қалби ҷавонон мебошад.

Мақсади асосӣ аз баргузор намудани чунин ҳафтаина, ки мустаҳкам намудани муҳити кушодадилӣ  ва дӯстии халқҳо дар ҷамъият, тарбияи насли наврас дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои милливу муҳаббат ба ватан, ҳифзи урфу одат, анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва забони халқиятҳо ва пеш аз ҳама, рушди робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ буд, самараи худро хоҳад дод.

Набия Нодирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: