Ғунучини ҳосил оғоз ёфт

Тавре ки маълум гардид, мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта аз солҳои пешин ба куллӣ тафовут мекунад.

Ғунучини ҳосил оғоз ёфт

Тавре ки маълум гардид, мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта аз солҳои пешин ба куллӣ тафовут мекунад. Аввалан ба меҳнати маҷбурӣ ҳаргиз роҳ дода намешавад. Сониян, барои пешгирии паҳншавии сирояти вируси хавфнок чораҳои қатъӣ андешида шудааст. Ба гурӯҳи ҳашарчиён нафаре аз ходимони тиббӣ вобаста аст. Ба таври доимӣ ҳарорати бадан, сиҳатии ҳашарчиёнро муоина мекунанд. Пешакӣ пахтачинон бо пардохти миқдори муайяни пул рағбатнок гардонда мешаванд.
Дар вилояти Ҷиззах низ ба зиёда аз 78 ҳазор гектар замин пахта кишт намуда буданд, ки имрӯзҳо аз он хирмани қариб 220 ҳазор тоннагӣ ба вуҷуд оварданиянд.
Дар миқёси вилоят ҳамагӣ 384 то мошини гуногуни пахтачинӣ барои саривақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили имсола мавриди истифода мегардад. Бояд гуфт, ки барои як тонна пахтаи бо ёрии мошин чидашуда 50 ҳазор сӯм ва ба як килограмм пахтаи дастӣ чидашуда 1200 сӯм мепардозанд. 
Алҳол дар саҳро мошинҳо ҷавлон мезанад. Ихтиёриён аллакай ба пахтачинӣ шурӯъ намудаанд.
Қисми асосии заминҳои кишт ба ноҳияи Дӯстлик рост меояд. Дар ин ҷо ҶММ «Сангзор-кластер» фаъолият мекунад. Дар ноҳия 12 ҳазор нафар ба пахтачинӣ сафарбар гардидаанд. Барои онҳо дар 80 манзили зист шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба ғайр аз ин дар 12 ҷойи дигар 180 хаймаи саҳроӣ устувор намудаанд. Ба тозагӣ ва қоидаҳои санитарӣ эътибор дода шудааст. Умуман дар ду ноҳия – Дӯстлик ва Мирзочӯл 121 мошини МХ ва 60 мошини Кейс (ҳамагӣ 180-то) машғули коранд. Гурӯҳи кории иборат аз сенаторон маҳз барои назорати ҷараёни пахтачинӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. 

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.


Кишти тирамоҳӣ
Ҳар кор вақту соате дорад, гуфтаанд гузаштагони мо. Воқеан хоҷагии фермерии «Шӯрак» имсол аз заминҳои лалмӣ беш аз 30 тонна ғалла супорида, дар минтақаи Сайроб пешсафиро аз даст надод.
Чанд рӯз қабл аз ин хоҷагии номбурда ба кишти тирамоҳӣ оғоз намуд. Сарвари хоҷагӣ Абдусалом Ҳайитов дар сӯҳбат ба мо дар бораи рафти кишти тирамоҳӣ чунин нақл кард:
– Баъд аз ҷамъбаст намудани ҳосил аъзоёни хоҷагӣ ба шудгори тирамоҳӣ оғоз карданд. Мо то имрӯз 15 гектар замини обӣ ва 35 гектар замини лалмиро хушсифат шудгор карда, ба кишти тирамоҳӣ омодагӣ гирифтем. Аз таҷриба медонем, ки дар оғози тирамоҳ киштро анҷом додан хеле мушкил аст. Вале чӣ илоҷ, вақт мунтазир намешавад. Бесабаб кӯҳансолон вақт рафт – нақд рафт, нагуфтаанд. Дар ин давр паррандагон ба манзили зимистонаи хеш сафар намекунанд. Аз ин боис, вақте ки киштро оғоз мекунӣ, ҳамаи он паррандагон ба замини киштшуда якбора ҳамла карда, донаи ба замин партофтаро чида мехӯранд ва нисфи гандуми пошидаро нобуд мекунанд. Аз ҳамин сабаб ниҳоли гандум дар замин  хеле кам мерӯяд. Пасон аз ин  ҳосили дилхоҳ гирифтан хеле мушкил аст. Аз ин хотир мо, усули нави киштро ҷорӣ кардем. Ду-се гектар заминро кишт намуда, зуд онро обёрӣ мекунем, то ки донаи гандум дар зери хок зуд нумӯъ карда сарсабз гардад. Дар ин ҳолат паррандагон ба несту нобуд кардани донаи гандум имкон пайдо намекунанд. Аз ин хотир донаҳои гандум бехато қад мекашанд. Ҳоло мо аъзои хоҷагии “Шӯрак” бо ин усул кишти тирамоҳиро анҷом медиҳем. Дар беш аз 5 гектар  бо ин усул донаи умед кошта, онро пурра обёрӣ кардем. Агар кор бо ин тартиб пеш равад, дар муддати як ҳафта кишти тирамоҳиро  анҷом хоҳем дод.
Чуноне ки дар боло қайд кардем, дар заминҳои лалмӣ кишти тирамоҳиро охири моҳи октябр анҷом доданием. Умед дорем, ки дар соли оянда низ ҳосили дилхоҳ ба даст меоварем.

Нуралӣ РАҶАБ, 
ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: