ҒУРУМСАРОЙ ОБОД БО ДАСТИ ОДАМЗОД

Поп аз рӯйи ҳудуд яке аз калонтарин ноҳияи вилояти Намангон бошад, Ғурумсарой шаҳраки калони ноҳияи мазкур ба шумор меравад.

Он дар шафати роҳи магистралии Намангон – Қӯқанд воқеъ аст.
Имрӯзҳо дар шаҳраки Ғурумсарой корҳои васеъмиқёси ободонию бунёдкорӣ идома доранд. Кӯчаву маҳаллаҳо рӯз то рӯз ободу назаррабо мегарданд.
Дар ҷамоати шаҳрвандони Ғурумсарой мувофиқи Фармони Президент аз 29 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» корҳои таъмиру бунёдкориҳо ба роҳ монда мешаванд. Ба ду кӯча барои мумфарш кунонидан шағал рехта шуд. Дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи  рақами 16-ум корҳои таъмиру тармим роҳандозӣ шуданд.
Дар кӯчаи «Камалак»-и маҳалла тӯйхонаи «Қурбонбой ота-Ҳамид ҳоҷӣ» қад рост кард. Қобили қайд аст, ки сарвари маҷмӯа Ҳалима Дадабоева зани саховатпеша буда, барои оилаҳои камбизоат бепул хидмат мерасонад.
Дар ин ҷода саховатпешагии бошандагони маҳалла лоиқи таҳсин аст. Салимахон ҳоҷиона Холматова хонаи сеҳуҷрадорашро ба яке аз мӯҳтоҷони маҳалла Аъзамҷон Соғиндиқов пешкаш намуд.
Дар ҷамоати шаҳрвандони Ғурумсарой шумораи соҳибкорони хусусӣ торафт зиёд мегардад. Яке аз чунин соҳибкорон Мирзоолим Турсунов буда, дар кӯчаи Тошқӯрғони маҳалла дорухона барпо кард. Вай кӯшиш дорад, ки дар кӯчаи Камалак низ боз як дорухонаро ба кор андозад. Муродҷон Сидиқов дар кӯчаи Мустақиллик бинои дуошёнаро бунёд кард. Вай ният дорад, рӯзҳои наздик дар ин ҷо боз нуқтаҳои хидматрасонии савдо ва маиширо ба роҳ монад. 
Инчунин дар маҳаллаи номбурда сафи соҳибкорони оилавӣ низ рӯз то рӯз меафзояд. Яке аз онҳо Турсунбой Нурматов аст. Ӯ майдони бекорхобидаро обод карда, маҷмӯи савдо ва хидматраcониро барпо намуд. Вай нақша дорад заводи чиннии бекорхобидаро аз таъмиру таҷдиди капиталӣ бароварда, фаъолияти муассисаи таълими  томактабии ғайридавлатии хусусиро ба роҳ монад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: