ҒУРУР

Тирамоҳ.

Ҳаво аброгин. Дар шохи дарахтон баргҳои башумор монда, онҳо ҳам аз шамоли тунди тирамоҳ аввал алвонҷ мехӯрданду баъд рақскунон ба замин мерехтанд. Зери дарахтон гӯё кӯрпаи заррин ҳосил шуда буд. Баргҳои зардшуда ба атроф паҳн гардида, зери пойи одамон ва мошинҳои равуокунанда мемонданд.
Фариштаву додараки панҷсолааш – Шукруллоҳ дар истгоҳ автобусро интизорӣ мекашиданд. Онҳо рӯ ба рӯйи кӯдакистон қарор доштанд. Падару модарон аз дасти фарзандашон дошта, бо мошини шахсӣ ё таксӣ ба хона мерафтанд. 
– Ойтӣ, мо ҳам бо таксӣ равем, хунук хӯрдам, – гуфт Шукруллоҳ.
– Сабр кун,  ҳозир автобус меояд, – ҷавоб дод Фаришта ва чашм ба роҳ дӯхт.
Пас аз интизориҳои зиёд автобус омад. Вале он бошиддат аз назди интизорон гузашта рафт. Дарунаш аз бисёрии одам «кафам» мегуфт. Боз соатҳои интизорӣ давом ёфт.  
Фаришта оҳе кашида, даст ба кисаи сумкааш бурд. Як дона пули панҷҳазорсӯма....
Барои он, ки ин пулро сарфа намояд, аз омӯзишгоҳ то боғчаи бачагона, ки 7–8 истгоҳ аст, пиёда омад. Ҳатто хӯроки пешин нахӯрд. Бояд боз пагоҳ додарчаашро ба боғча оварда, худ ба мактаб равад. Агар ронандагони автобус ба ҷойи 1400 сӯм 1500 сӯм намегирифтанд ё баъзан ду ҳазор сӯм диҳад,  «танга нест» гӯён баҳона намекарданд, шоёд пулаш зиёдтар мешуд.
–  Духтарам, шумо ҳам ба марказ меравед? – гуфт зане назди Фаришта омада.
–  Ассалому алейкум. Бале, зиёда аз ду соат ин ҷо истодаам, автобус нест.
– Ба фикрам, акнун автобус намеояд, – гуфт зан. – Биёед, беҳтараш таксӣ дошта меравем. Агар ду кас равем, арзонтар мешавад. Чӣ гуфтед?
– Не, холаҷон, автобус меомадагист...
Зан ба таксӣ савор шуда рафт. Торафт ҳаво торик мешуд. Дари кӯдакистонро ҳам бастанд. Дили Фариштаро ба қавле гургон тала мекарданд. Дар хона модаркалони пираш ӯро интизор. Аз хавотирӣ борҳо ба кӯча баромадагист. 
Ҳоло ӯ пушаймон аст, ки чаро ҳангоми аз хона баромадан аз касе пул напурсид. Аниқтараш, ғурураш роҳ надод, ки аз наздиконаш пул пурсад. Ҳар бегоҳ барои мактабравиаш падараш пул медод. Пагоҳиҳо, вақте тараддуди мактабравӣ мекард, мепурсид. «Духтарам, пулат ҳаст?» Гоҳо ин саволи падар ба дилаш сахт мерасид.  
– Дада, бегоҳ пул додед, пулам ҳаст, – мегуфт дар ҷавоб.  
– Бепул нагард, духтарам, – бо навозиш мегуфт падар. – Ҳамроҳат ҳамеша пул бошад, нағз. Даркор мешавад. Касе қарз пурсад, хиҷолат намекашӣ.
– Не, дадаҷон, ҳамеша пулам ҳаст. Ҳатто захира ҳам кардаам.
– Гурусна нагард, духтарам, – мегуфт падар, – албатта хӯроки нисфирӯзӣ хӯр. Абуалӣ Сино гуфтааст: «Хӯроки пагоҳиро худат хӯр, хӯроки нисфирӯзиро бо дӯстат тановул намо, хӯроки шомро ба душманат деҳ». 
Суханони падарашро пазмон шудааст Фаришта. Ӯро одате буд, ки касе  ягон ҷой рафтанӣ шавад ё кӯча баромаданӣ бошад, ҳатман мепурсид, ки пул дорад ё не. Ба амаку амакбачаҳояш ҳам меҳрубонӣ мекард. 
– Амак, пул лозим не, – мегуфтанд онҳо аз рафтори падари Фаришта хиҷолат кашида.
– Ягон чиз харида мехӯрӣ, – мегуфту ба кисаашон меандохт. 
Агар рад кунанд, меранҷид. Вале худи падар  дар коргоҳ ё кӯча бе оилааш чизе намехӯрд. Агар сихкабоб ё санбӯса тановул намояд, ҳатман барои аҳли оилааш меовард.
– Имрӯз ҳамроҳи дӯстам санбӯса хӯрдем. Бе шумо аз гулӯям нагузашт, – гӯён санбӯсаҳои гармро ба дасти модараш медод.
Ҳоло падар дар беморхона хобидааст. Модар дар назди ӯст. Агар падараш дар хона мебуд, намегузошт, ки фарзандонаш дар кӯча соатҳои зиёд интизори автобус бошанд. Ӯ ҳатман мошини ҳамдеҳаашонро киро карда, онҳоро ба хона мебурд. Борҳо шудааст, ки барои хидматаш ронанда пул гирифтан намехост. Вале падараш маҷбур мекард, ки пулро гирад.
–  Оилаи аёлманд аст, – мегуфт падар дар ғайбаш. – Чанд нафар дастнигари ӯянд. Барака ёбад, вақти гуфтаам, моро ба ҷойи дилхоҳамон мебарад.
– Дада, шумо ба вай ҳам зиёд пул медиҳед-дия, – мегуфт баъзан Фаришта.
– Майлаш, барои рӯзгораш сарф мекунад, ба мо ҳам савобаш мерасад.
Пас аз ин агар ба меҳмонӣ ё хонаи модаркалонаш раванд, падараш аз ҳама хоҳиш мекард, ки аз мошин фароянд. Баъд ҳаққи хизмати ронандаро ба ҷузвдони мошин меандохт.
– Ойтӣ, пиёда равем, – гуфтани додаракаш ӯро аз олами хаёлот ба худ овард.
– Рафтем, – гуфта аз дасти ӯ маҳкамтар дошт.
«Чаро ҳамин фикр барвақттар ба сарам наомад», аз дил гузаронд Фаришта. Агар баробари аз кӯдакистон баромадан пиёда мерафтем, аллакай роҳи бисёрро тай менамудем.
– Ҳа, ҷиян, ба хона меравӣ? 
Фаришта овози шиносро шунида ба қафо нигарист. Ҳамон ронандае, ки падараш меҳрубонӣ менамуд, мошинро назди онҳо нигоҳ дошта буд.
–  Ассалому алейкум.
– Биёед, савор шавед, ман ҳам хона меравам.
– Не, амак, ҳозир мошин меояд...
– Биё, ҷиян, роҳам ҳамон тараф, илтимос, савор шаветон.
Додарчааш зуд дари мошинро кушода савор шуд. Фаришта низ ба мошин нишаст. 
– Саломатии падарат хуб? – пурсид ронанда. 
– Раҳмат, нағз, пагоҳ ба хона бармегаштагистанд...
Раҳораҳ андешаву фикрҳои зиёд дар сараш чарх заданд. «Ҳаққи хидмати ронандаро надодан убол аст» гуфтани падараш ба ёдаш меомад. Агар пулро ба ронанда диҳад, пагоҳ ба мактаб рафта наметавонад...
– Ба падарат саломи маро расон, ҷиян, – гуфт ронанда.
– Раҳмат, амак...
Фаришта номаълум пули панҷҳазорсӯмаро, ки дар даст сахт қапида буд, миёни ду нишастгоҳи пеш, дар паҳлӯи ронанда гузошта, аз мошин фаромад.

Фарзона ҲАМИДОВА, донишҷӯй.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: